Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур хоҳанд буд.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз, 24 феврал, қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Дар натиҷа шаш гуруҳи иборат аз чор даста ташкил карда шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур дар як гурӯҳ қарор гирифт. Бозиҳои гурӯҳӣ бо ширкати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтарин дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи “А”: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи C: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи D: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи F: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь