Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ  зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ баромад, дар ин бора Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” иттилоъ додааст.

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагии мардум зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки субҳи 7 октябр дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа рух дод. Бино ба навиштаҳои расонаҳои хабарии Афғонистон, дар натиҷаи заминларзаи мазкур беш аз 2400 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва 13 деҳа хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь