Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ ба бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1,5 гектар бунёд мегардад ва тибқи лоиҳа дар он муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, нишастгоҳҳо, фаввораҳо, гулгаштҳо ва нуқтаҳо барои омода намудани таомҳои миллӣ ташкил хоҳад шуд.
Сипас, роҳбари вилоят дар деҳаи Сангистони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бо рафти сохтмони кӯдакистон ва Маркази фарҳангию фароғатӣ шинос шуд. Иншооти зикршуда тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мешавад.
Маркази фарҳангию фароғатӣ бо услуби муосир бунёд шуда, дар он тӯйхона, сехҳои дӯзандагӣ, чойхона ва мактаби махсуси варзишии ноҳия ҷой дода мешаванд. Бинои кӯдакистон, ки аз ду ошёна иборат аст, барои қабули 120 кӯдак дар чор гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Бунёди муассисаи томактабии замонавӣ дар деҳоти дурдаст имконият фароҳам меорад, ки сатҳи таълиму тарбия баланд бардошта шавад.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ сохтмони 595 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 440 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар идомаи сафар раиси вилоят ба хоҷагии манзилию коммуналии шаҳраки Сарвода ду нақлиёти замонавии партовкашонӣ тақдим кард.
Дар охири сафар раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони хизмати давлатӣ Бибисаид Муҳиддинова ва Мулломуҳаммадӣ Сафаров хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбаршудагон солҳои зиёд барои пешрафти ҷомеа хизмат кардаанд.