19 январи соли 2024 таҳти Раёсати Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳаматарафа баррасӣ намуданд.
Тавре Хадамоти матбуоти Роҳбари мамлакат иттилоъ дод: “Президенти мамлакат аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ мисолҳои мушаххас оварданд. Изҳор гардид, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд”.
Дар ин замина масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, прокуратураи вилояти Хатлон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро аз вазифа озод карда шуданд. Тибқи иттилои дастрасшуда, ба вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон генерал – майор Мирзозода Нусратулло Неъмат таъин гардидааст. Номбурда то таъин гардидан ба ин вазифа муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат буд. Пештар дар вазифаҳои сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, корманди масъули ин ниҳод дар шаҳри Кӯлоб ва ғайра фаъолияти арзанда дошт.