Соли гузашта нисбати ду судя барои гирифтани пора ва як судя барои қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Раиси Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷиноят ва қонуншиканӣ даст задани судяҳо роҳбарияти Суди олиро ба ташвиш овардааст.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, аз он ки судяҳо ба ҷиноят даст мезананд, изҳори нигаронӣ кард, аммо гуфт, шумораи ҷиноятҳо аз ҷониби судяҳо зиёд нашудааст: “Ҳар сол ду-се нафар ба ҷиноят даст мезананд”.

– Ду судя маҳкум шуданд ва як нафар аз мақомоти судӣ ронда шуд. Мутаассифона, моҳи январи соли равон раиси суди ноҳияи Панҷ ва судяи суди шаҳри Левакант барои гирифтани пора боздошт шуданд. Нисбати онҳо бо моддаи 319 қ. 3 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавриди тафтиш қарор дорад. Ин категорияи парвандаҳо танҳо аз ҷониби Суди Олӣ баррасӣ карда мешаванд, – гуфт раиси Суди Олӣ.

Ҳамчунин, гуфта шуд, соли 2023 аз ҷониби судяҳо нисбати се судшаванда ҳукми сафедкунанда ва ба ҳафт айбдоршаванда ҷазои ҳабси якумрӣ татбиқ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь