Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки 11-уми феврал баргузор гардид, ба саволе, ки оё зиёд шудани шумори дискотекаҳо дар кишвар ба ахлоқи ҷавонон таъсири манфие надорад, ҷавоб гардонд, ки ҷомеа дунявист ва фаъолияти чунин муассисаҳо хилофи қонун ва арзишҳои миллӣ нест.
Раҳмонзода изҳор дошт, ки дар ҷомеаи суннатии кишвар аксарият бо шунидани номи дискотека фаҳшу фуҷурро мефаҳманд. “Чунин муассисаҳо ба табиати ман созгор нестанд, аммо ба баъзе қишрҳои ҷомеа онро меписанданд. бо чунин табиати инсонӣ бояд созиш кард.”, – таъкид кард ӯ.
Дар идома раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ба рӯзноманигорон аз таҷрибаи рафтани худ ба дискатека нақл кард. “Шахсан, вақте ба дискотека рафтам, дар он ҷо амали фаҳшеро надидам. Толори торик, ҳама чиз дар ҷои худаш: касе мерақсад, касе нишастааст. Дар ҷомеи озод зиндагӣ мекунем, ҳамаро ба дискотека, ё ҳамаро ба масҷид бурда намешавад. Хоҳӣ масҷид рав, хоҳӣ дискотека, хоҳӣ китобхона, хоҳӣ тарабхона. Ҳукумат шароит фароҳам овардаст”, – изҳор дошт Абдулло Раҳмонзода.
Раиси кумита гуфт, ки дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад, ки ниёз ба пешгирӣ аз фаъолияти онҳо бошад. Вай таъкид кард, ки “дар сурати будани хатар ба манофеъу арзишҳои миллӣ бастани дискотекаҳо якрӯза кор аст, давлат дар яклаҳза дари ҳамаашро мебандад.”
Дар мавриди он ки чаро ҳукумат дар давраи пандемия дари масҷидҳоро басту аз дискаклкбҳоро не, Раҳмонзода қайд кард, ки ин кор сабабҳои худро дошт.
“Аввал ин ки дар дискотекаҳо ба монанди масҷидҳо одамони зиёд ҷамъ намеоянд. Дуюм, ба масҷид асосан пиронсолони 50 то 60-сола мераванд, ки хатари гирифторшавии онҳо ба коронавирус зиёд аст”.