Прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон таъйид кард, ки Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ дар Русия боздошт гардида, ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ин нуктаро ӯ 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ қайд кард.

“Нисбати Амриддин Аловатшоев парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда буд ва ӯ дар кофтукови расмӣ қарор дошт”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки барои боздошту истирдоди Амриддин Аловатшоев санадҳои даркориро ба Русия фиристода буданд.

“Ӯ дар Русия тибқи маводҳои истирдодии мо боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд ва айни ҳол тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ давом дорад”, – иброз дошт Юсуф Раҳмон.

Прокурори генералӣ аз додани тафсилоти бештар дар бораи чӣ тарз истирдоду овардани Аловатшоев ба Тоҷикистон ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ худдорӣ кард ва баён дошт, ки тафсилотро метавонед иловатан дархост кунед.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни тасдиқи боздошти Аловатшоев гуфтанд, ки ӯ ба Тоҷикистон омад ва пасон дастгир карда шуд.

“Алайҳи Амриддин Аловатшоев бо моддаи гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар амалҳои хусуссияти ҷиноятидошта парванда боз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт», – гуфт дар нишасти хабарии ВКД, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ин ниҳод Шодӣ Ҳафиззода.

Тасдиқи  ба Тоҷикистон овардани амриддин Аловатшоев аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва ВКД дар ҳолест, ки қаблан худи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаҳои ба Тоҷикистон овардани ӯро дар як суҳбат ба “Азия-Плюс” рад карда буд.

Дафтари матбуоти ВКД ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки чунин хабар дар сомонаҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқобили эътимод пахш мешавад ва он асоси воқеӣ надорад.

– Хабарҳо буд, ки гӯё ӯро дар Русия боздошт кардаанд. Вале дар Тоҷикистон нест. Расонаҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъи бардурӯғро нашр мекунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед. Агар ӯ дар Тоҷикистон бошад мо иттилои расмӣ пахш мекунем,- гуфта буданд аз ВКД ба “Азия-Плюс”.

Ёдрас мешавем, ки аз бедарак шудани Амриддин Аловатшоев рӯзи 12-уми январ “Pamir Daily News” хабар дода буд.  Зодагони ВМКБ, ки аксаран дар Русия қарор доранд, аз бедарак шудани Амриддин Аловатшоев изҳори нигаронӣ карда буданд.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь