Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо 3 номгӯи китобҳои тозанашр ва дастхатҳои дигари худро ба Китобхонаи миллӣ тақдми кард. Ин асарҳо ва дастхатҳои муаллиф тавассути худи ҳунарманди маъруф ба Китобхонаи миллӣ туҳфа гардид.
Дар баробари туҳфаи осор ва дастхатҳо Суҳроби саҳнаи тоҷик-Ҳошим Гадо 87 тасвирашро (портрет) ба гӯшаи Ҳошим Гадо дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ҳадя кард.
Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳошим Гадоро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба ҳузур пазируфт.
Ҳошим Гадо ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда буда, бо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театр ва синамо шуҳрати беандоза дорад.
Баъди рафтан аз саҳна Ҳошим Гадо рӯ ба нависандагӣ овард ва ҳамакнун 1000-умин ҷилди осораш ба дасти хонанда расид.