Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2021 ҳамагӣ 580 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта (табиӣ ва техногенӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 159 нафар ба ҳалокат расида 310 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардоштаанд, ки маблағи умумии зарар беш аз 96 миллиону 473 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ итилоъ дод.
Манбаъ гуфт, ки дар натиҷаи 15 ҳолати борони зиёд, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби зеризаминӣ, шамоли сахт, кандашавии қабати замин (эрозия) дар моҳҳои март, апрел ва майи соли 2021 ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Шоҳин, Муъминобод, Данғара, Ховалинг, Ҷомӣ, Ёвон, Фархор ва Вахши вилояти Хатлон хисороти зиёд омад.
– Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ 8 кас ба ҳалокат расидаанд (3 нафар дар ноҳияи Шоҳин, 3 нафар дар шаҳри Кӯлоб, 1 нафар дар ноҳияи Вахш ва 1 нафар дар ноҳияи Кӯшониён), ки маблағи умумии зарари расида 93 миллиону 991 ҳазору 881 сомониро ташкил дод, – афзуд ӯ.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи ин офатҳо аз 288 адад хона (111 хона пурра, 177 хона қисман) 32 хона зарари сабук, 1028 иншооти ёрирасон, 6 мактаб ва муассисаи томактабии кӯдакон,164,32 км роҳи нақлиёт 39 адад пул, 53,278 км хати интиқоли барқ, 1000 ҳисобкунак ва сандуқи барқӣ, 256 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 12,3 кмхати заҳкаш ва заҳбур, 0,35 км хати алоқа, 17,025 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 3,64 км селпарто, 38,275 км хати обёрӣ ва канал, 492 метр қубури обгузар, 1,3 км иншооти обпарто, 1.7 км хати обёрӣ ва канализатсия, зарар расидааст.
Ҳамчунин Маҳмадзода Ҷамшед сардори Раёсати мазкур афзуд, ки 1532 сар ҳайвон аз ҷумла; 1243 сар чорвои шохдори майда, 280 сар чорвои шохдори калон, 7 сар маркаб ва 2 сар асп талаф ёфтаанд. Инчунин, 6538 сар паранда, 37 оила занбури асал ва 17200 дона моҳӣ талаф ёфтаанд.
Маҳмадзода Ҷамшед иттилоъ дод, баъди гузаронидани санҷиш маълум карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 315 мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шудааст. Дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо 156 ҳазору 504 нафар аҳолӣ фаъолият ва зиндагони мекунанд. Ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табии сел, ярч, лағжиш, обхезӣ, эрозияшавии замин ва баландшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст. Дар вақти гузаронидани санҷиш аз ҷониби гурӯҳи кории байнидоравӣ муайян карда шуд, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои соҳилбандӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеҳои бехавф 86 мавзеъи хавфнок, 21 ҳазору 441 хоҷагӣ бо шумораи 175026 нафар аҳолӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ кам карда шуд.