“Барои офаридани асарҳои рассомие, ки имрӯз пешкаши мо гардиданд, даҳ умр лозим аст, на 70 сол”, – гуфт шоира Гулрухсор дар ифтитоҳи намоиши “Нигоҳи пурасроре ба гетӣ”.  Зери ин унвон дар Донишкадаи санъат ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои рассоми маъруф Анваршо Сайфиддинов, ки аз ӯ “Шоҳи рангҳо” ном бурдаанд, баргузор шуд.

Офарандаи асарҳои зиёди рассомӣ, арбоби ҳунар Анваршо Сайфиддинов, ки дар санъати тасвирии миллати тоҷик мавқеи хосаро ишғол кардааст, ҳар панҷ ё се сол намоиши асарҳои навэҷоди худро баргузор мекунад.

“Табиат худ як асрори мароқангезе дорад. На ҳар кас онро дарк карда метавонад. Ман аз нигоҳи худ табиатро мебинам, рангҳояшро ҳис мекунам, зебогиҳояшро пеши назар меорам ва кӯшиш мекунам онро дар асарҳоям инъикос кунам”, – мегӯяд Анваршо Сайфиддинов дар ҷавоби суоли чаро намоиш маҳз чунин ном гирифтааст.

Дар дили мусаввир эҳсоси ватандӯстӣ туғён мекунад ва ӯ дар офаридаҳояш маъниҳои гуногунро инъикос мекунад. Ягон офаридаи ӯ орӣ аз эҳсосу маънӣ нест. Рассом чунин ақида дорад, ки мусаввир на танҳо бо чашм ранги табиатро мебинад, балки бӯйи замин, ҳавои тоза, гулу гулзор ва садои кӯҳҳои сарбафалаккашидаро эҳсос мекунад. Вақти тасвир ӯ худро дар дунёи дигаре тасаввур мекунад, бинобар ин ғайри нақшу ранг чизеро намебинад ва ин эҳсосот ба мусаввараҳояш ҷилои рангин мебахшад.

– Эҷод кардан вазифаи мо эҷодкорон аст, мегӯяд Анваршо Сайфиддинов.

Ӯ дар равия ва намудҳои гуногун чи наққошӣ, чӣ мусаввирӣ ва чӣ монументалӣ асарҳои ҷолибу рангоранг офаридааст. Асарҳои монументалиаш имрӯз чандин бинову иншооти дохили ҷумҳурӣ ва берун аз онро оро медиҳанд. Анваршо Сайфиддинов аз соли 1984 аъзои Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС ва аз соли 1991 аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон аст. Асарҳои устод дар фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд.

Намоиш як моҳ давом мекунад ва дарҳои Донишкадаи санъат ва дизайни Тоҷикистон барои дӯстдорони санъату ҳунар бозанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь