Дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Душанбе (ФФД) мудири кулли ширкати “Газпромнефт – Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раиси нави ин созмони футболӣ интихоб шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳайати нави роҳбарият низ баргузида шуданд.
Дар натиҷаи овоздиҳии кушоди вакилон мудири кулли ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев, ки фарзанди собиқ бозигари дастаҳои “Энергетик” -и Душанбе ва “Помир” Султонбек Мирзоев аст, раиси нави Федератсияи футболи Душанбе интихоб шуд. Дар ин вазифа ӯ Анваршо Мирзоевро, ки аз моҳи июли соли 2016 Федератсияи футболи пойтахтро роҳбарӣ мекунад, иваз кард.
Алиаҳмад Мирзоев муовини аввали раиси ФФД ва Исо Асоев муовини раис интихоб шуданд.
Конфронм ҳайати нави Кумитаи иҷроияро низ интихоб кард. Ба Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Душанбе ба ғайр аз раис ва ду муовин, Раҳматшо Камолов, Зафар Ярашев, Шукур Мансуров, Хусрав Нурматов, Фурқат Ҳувайдуллоев, Абдурофеъ Нӯъмонов, Ҳасан Мангутов ва Муҳаммадӣ Холов шомил шуданд.