Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва дигар муштариён аз ҳақи истифодаи неруи барқ зиёда аз 490 миллиону 492 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Дар ин бора Раҷабалӣ Бояков,  як масъули филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар, зимини нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Номбурда илова кард, ки аз ин қарз 144 миллиону 282 ҳазораш аз аҳолӣ, бештар аз 18 миллиону 748 ҳазор сомонӣ аз Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Бохтар, 4 миллион сомонӣ аз ташкилотҳои  ҷумҳурявӣ, 150 миллион сомонӣ аз  хоҷагиҳои пахтакор ва боқӣ аз дигар муштариён аст.

Гуфта шуд, ки дар соли 2023-юм  ба 102 корхона барои қарздорӣ  иддао ба маблағи 25 миллиону 477 ҳазор 455 сомонӣ пешниҳод карда шуда, дар асоси талаботи даъвогӣ ба суратҳисоби корхона 17 млн. 063 ҳазору 618 сомонӣ  ворид гашт.

Иттилоъ дода шуд, ки нисбати 8 корхонаи қарздор ба маблағи қарзи умумӣ  7 миллиону 321 сомонӣ мавод барои чораҷӯӣ  ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст.

– Дар суди иқтисодии вилоят маводҳо нисбати 8 корхонаи қарздор ба маблағи 737 ҳазору 149 сомонӣ баррасӣ шуда, ба манфиати филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ҳал гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь