Масъулони Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ”-и минтақаи Бохтар дар нишасти хабариашон гуфтанд, ки аз ҳисоби буҷети ноҳияи Вахш барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҳато як сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст, аммо роҳбари Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш гуфтаҳои онҳоро рад карда, қайд кард, ки барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия 430 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар нишасти хабарии Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Баҳрулло Нурулоев, сардори бахши механикии ин муассиса гуфт, ки соли гузашта Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҳти №639-ро дар бораи ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта иҷро карда нашудааст, зеро дар ин сол аз ҳисоби буҷети ин ноҳия ҳатто як сомонӣ ҷудо нагардидааст.
Аммо иддаои ин шахси масъулро Наҳтулло Олимов сардори Муассисаи давлатии идораи роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш рад карда гуфт, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 430 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ нисбати соли 2022-юм 235 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Ба гуфти масъулони Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар соли гузашта дар умум аз ҳисоби буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо 3 миллиону 785 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ҳама кам шаҳри Левакант 25 ҳазор сомонӣ, Қубодиён 28 ҳазору 300 сомонӣ, Носири Хусрав 46 сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин барои таъмири роҳҳо нокифоя аст, зеро аз 1 ҳазору 9777,3 километр роҳҳои маҳаллӣ 50 дарсадашон ба таъмири ҷорӣ ниёз доранд, илова кард Баҳрулло Нурулоев.