Бозори “Корвон” аз бозорҳои бузургтарини фурӯши яклухт ва чаканаи молу коло дар шаҳри Душанбе аст, ки ҳамарӯза харидорони зиёд аз пойтахт ба он ворид мешаванд. Ҳамчунин, тоҷирони бешумор низ аз  минтақаҳои дурдасти кишвар барои харидории яклухти мол ба бозори мазкур меоянд. Мутаассифона, вазъи ногувори роҳу нақлиёт, сари роҳ бе назму низом гузоштани мошинҳои шахсӣ аз ҷониби ронандагон, ки боиси банд шудани роҳҳо ва тамбашавии нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ мегардад, пинаки ягон нафари масъулро намепарронад.

Нозирони БДА-ро танҳо дар аввалу охири роҳ дидан мумкин асту халос, аммо он ки миёни роҳи асосии қариб ҳаштсадметрии шафати бозор чӣ мегузарад, гӯё ба эшон рабте надошта бошад. Чаро чунин бенизомию бе бандуборӣ чандин сол боз идома дорад?

Интизор мерафт, ки пас аз навсозӣ ва васеъ кардани роҳ мушкили роҳбандӣ дар ин макон аз байн меравад. Дуруст аст, ки роҳ васеъ гардидаасту ба ду қисмат, ба роҳи асосию иловагӣ, ҷудо шудааст. Яъне, роҳи иловагӣ барои нақлиёти ҷамъиятист, ки мутаассифона, ба таваққуфгоҳу фурӯши молҳои сарироҳӣ мубаддал гаштааст. Як қисмати роҳи асосӣ низ таваққуфгоҳи ронандаҳои густох ва “таксиҳои 5-сомонӣ” аст, ки ҳар куҷое хоҳанд меистанду мусофир мегиранд. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ мегӯянд, ки маҳз чунин ҳолатҳо боис ба роҳбандӣ мешавад.

Мушоҳидаҳо аз ин макон нишон дод, ки чанд ронандае ҳам худсарона мошинҳои худро дар гардишҳо гузошта, роҳро банд кардаанд ва монеъи гузаштани ронанда аз як қисмат ба қисмати дигари роҳ гардидаанд. Феълан сохтмони биноҳои замонавӣ бо зеристгоҳҳо дар қисматҳои гуногуни “Бозори Корвон” идома дорад, аммо ин маънои онро надорад, ки роҳи нақлиётгард беназорат монда шаваду харидорону ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба мушкил рӯ ба рӯ гарданд. Қисмате аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла “Бозори Корвон”, ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид шуд. Пас мақомоти марбутаи назорати роҳу нақлиёт дар пойтахтро зарур аст вазифаи ҷонии худ, ки хизматрасонии босифат ба мусофирон ва таъмини бехатарии сокинон аст, иҷро ва назму низомро дар ин макон ҷорӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь