Шамсулло Олимзода сардухтури беморхонаи вилояти ба номи Бӯрӣ Воҳидов маъруф бо номи “Қараболо”-ро аз вазифа сабукдӯш карданду ба ҷойи ӯ Хушнуд Баҳодурзода роҳбари ин беморхона таъин карданд.
Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба “Фарраж” гуфт, ки дар мувофиқа ба МИҲД-и вилояти Хатлон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Олимзодаро аз роҳбарии беморхонаи вилояти ба номи Бӯрӣ Воҳидов барканор кардаву ба ҷойи ӯ Хушнуд Баҳодурзодаро сартабиби ин беморхона таъин карданд.
Бояд гуфт, ки Олимзода Шамсулло дар давраи ниҳоят вазини сирояти KOBID-19, ки ҷаҳонро нигарон карда буд, роҳбари ин беморхона таъин гардидаву шабонарӯз фаъолияти худро ба роҳ монд ва аз кори ӯ табибони беморхона розӣ буданд. Бо гузашти 9 моҳи фаъолияти худ ва аз байн рафтани коронавирус ӯро аз мансаб барканор карданд ва ҳоло маълум нест, ки ӯ ба кадом кори дигар гузаштааст.
Олимзода то таъин шудан ба вазифаи роҳбарии беморхонаи Бӯрӣ Воҳидов сартабиби беморхонаи касилиҳои сили дар вилоятро ба ӯҳда дошт.
Сартабиби нави беморхонаи мазкур Хушнуд Баҳодурзода то таъин шуданаш дар мансаби сартабиби беморхонаи Қарияи Боло дар яке аз шуъбаҳои ҳамин беморхона адои вазифа мекард.