Идораҳои зертобеи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз андозу барқ беш аз 73 миллион сомонӣ қарздоранд. Аммо бақияи қарзи хизматрасонии об аз ҷониби муштариён дар назди ин идораҳо ба 157 миллиону 690 ҳазор сомонӣ расидааст.
Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Иззаттулло Хоҷазода дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2024-ум аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят 35 миллиону 819 ҳазор сомонӣ маблағи андоз пардохт карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 1 миллиону 757 ҳазор зиёд мебошад. Ӯ гуфт, ҳоло идораҳои зертобеи онҳо дар назди андоз 23 миллиону 829, 6 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Бештари қарзҳо аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён 2,8 миллион сомонӣ, Панҷ 2, 8 миллион сомонӣ, Фархор 593 ҳазор сомонӣ мебошанд,-илова кард ӯ.
Номбурда илова кард, ки дар ин давра Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят наздики 32 миллион сомонӣ маблағи барқро пардохт кардаанд ва то ҳоло онҳо аз барқ беш аз 49 миллиону 254,5 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Иззаттулло Хоҷазода афзуд, ки соли 2024-ум бо харҷи 94 миллион сомонӣ ба муштариёнашон об доданд, ки аз ин маблағ 35 миллионаш пардохт карда шудааст .
Ӯ бо нигарони афзуд, ки муштариён дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба мабалағи 157 миллион сомонӣ қарздор мебошанд ва агар онҳо сарвақт қарзи обро пардохт кунанд, идора низ қарзи андоз ва барқро низ пардохт хоҳад кард.