Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо гарм омадани вазъи обуҳаво дарахтон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ ва Ҷайҳун гул кардаву аз омадани баҳор мужда медоданд. Баъди гармиҳо ва ғарқи гул шудани дарахтон дубора дар ин минтақа зимистон ҳукумфармо шуд.
Сокинони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва чанд ноҳияи дигар, бо гузоштани аксҳо дар саҳифаҳои иҷтимоии худ аз ғарқи гул шудани дарахтон ва омадани баҳор мужда медоданд. Аммо дар шаби дуюм ва сеюми март якбора вазъи ҳаво тағйир ёфта, дар ин минтақа барф борид, ки тибқи маълумоти маркази обуҳавошиносии кишвар ин сардиҳо то чанд рӯзи дигар идома хоҳанд ёфт.
Ҳоло дарахтони ғарқи гул, пур аз барф шуда, коршиносони соҳаи кишоварзӣ мегуянд, ки ин сардиҳо ба ҳосили дарахтон бе таъсир нахоҳанд буд.