Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, имсол бояд дар майдони 8 ҳазор гектар картошка кишт карда шавад, ки аз ин 4 ҳазору 450 гектараш кишти барвақтӣ мебошад, ки рӯзҳои наздик ҷамъоварии он оғоз хоҳад шуд.
Баҳром Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ дод, ки кишоварзони вилоят имсол дар майдони зиёда аз 50 гектар кишти картошкаро дар гармхонаҳо ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ 39 гектар ва дар ҷамоати деҳоти Зарагар 13 гектар картошка дар гармхонаҳо парвариш карда шуда, рӯзҳои наззик ҷамъоварии он шуруъ мешавад.
-Кишти картошка дар ноҳияҳои куҳистони вилояти Хатлон ҳоло идома дорад,- илова кард ӯ ва гуфт ин 8 ҳазор гектар танҳои нақшаи вилоят аст. Ба ҷуз ин дар заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва байни қаторҳои дарахтони боғҳо кишти зиёди картошка ба роҳ монда шудааст. Гуфта шуд, ки танҳо дар заминҳои наздиҳавлигии ноҳияи Панҷ 1000 гектар кишти картошка ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи як килограм картошка аз 5,5 то 6 сомонӣ арзиш дорад. Ба гуфти Баҳром Ҳасанзода, баъди оғози ҷамъоварии картошка дар бозорҳо нархи он муътадил хоҳад шуд.