Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, аз 1 то 10-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон амалиёти шартӣ бо номи «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо» гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ҷониби нозирони роҳи Шӯъбаи БДА дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати 9076 ронандае, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карданд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Чуноне таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатарии воситаи нақлиётро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофирон аст.

Дар рафти амалиёти «Тасмаи бехатарӣ» аз ҷониби нозирони роҳи Шуъбаи БДА дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбати 9076 ронандаге, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намудаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамзамон дар доираи амалиёт аз ҷониби нозирони ШБДА дар вилояти Хатлон ва шуъбачаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо як қатор чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Нозирони роҳ дар корхонаву муассисаҳо, терминалҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, ба иштирокдорони вохӯриҳо қоидаҳои дурусти ҳаракати роҳу нақлиётро фаҳмонида доданд. Вобаста ба ин мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят Хатлон ба иттилои кулли ронандагон мерасонад, ки ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба таври қатъӣ аз тасмаи бехатарӣ истифода намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь