Соли 2023-юм дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 119 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 879 ҷойи нави корӣ сохта шуданд, гуфт муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар дар нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО.

Гуфта шуд, ки дар ин сол истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 милиарду 662,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 1 миллиарду 53,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар дар вилояти Хатлон 6260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2024-ум дар 2405-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь