Карим Ҳалимов, ки соли 2015-ум дар ҷамъбасти фестивал-озмуни “Оши палав” дар Душанбе ба ҳайси ошпази беҳтарин эътироф шудаву ҷоизаи «Кафгири тило»-ро ба даст оварда  буд, рӯзи 23 март дар сини 66-солагӣ бар асари бемории диабети қанд дунёро тарк кард.

Марҳум Карим Ҳалимов дар ошхонаи бозори “Фаровон”-и маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ҳайси ошпаз кор ва барои дустдорони таоми миллӣ беҳтарин палавро омода мекард.

Даргузашти ӯ наздикону дустону мизоҷонашро сахт андуҳгин кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь