Давлатманд Холов, овозхон ва фалаксарои маъруфи тоҷик шаби 18-уми феврал, дар синни 74-солагӣ, аз олам даргузашт.

Давлатманд Холов соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени “Шараф” дараҷаи I, Ордени “Дӯстӣ” ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд.

Ӯ 26-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи ҳунарманд тоҷик ба дунё омадааст.

Аз соли 2004 бо таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст.

Маросими видоъ бо Давлатманд Холов 19-уми феврал дао Масҷиди марказии Тоҷикистон баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба пайвандону наздикон ва ҳаводорони Давлатманд Холов таслият арз карда, барояшон сабру шикебоӣ мехоҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь