Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи забон чорабинии бошукуҳ  баргузор гашт, ки дар он муовини раиси вилоят Фируза Шарифӣ, раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода ва дигарон иштирок карданд.

Фируза Шарифӣ ва Назарзода Бахтиёр дар чорабинӣ суханронӣ намуда, тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд. Зикр гардид, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид.

Сипас, як қатор омӯзгорону кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои хизмати шоён ва дастовардҳои шогирдон бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь