Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёду навсозии 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар соли 2023-юм 49 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин бора раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафаралӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, азимтарин иншооти ҷашнӣ бинои нозироти андоз, бинои истиқоматии панҷошёна иборат аз 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ, бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар иншоот мебошанд, ки аксари онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар доираи ин ҷашн сохтмони беш аз 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аксари онҳо бо ташкили ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Блоки рекламавӣ