Зимистони соли гузашта бо боридани барфи зиёд рафтуомади воситаҳои нақлиёт дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар мушкил гашта буд ва ба гуфти ронандагон масъулони идораи роҳдории шаҳр натавонистанд саривақт роҳҳоро аз барф тоза кунанд.
Хостем, аз омодагии Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар ба зимистони солҳои 2023-2024 бо роҳбари он Юсуфзода Бузургмеҳр суҳбат кунем. Мутаассифона, ӯ бо ҳар баҳона аз суҳбат худдорӣ карда, танҳо гуфт, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо захираи зимистонгузаронӣ то охири моҳи октябр ҷамъбаст мешавад.
Умедорем, ки дар зимистони имсол масъулони роҳҳои шаҳр баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт чораҳои зарурӣ андешида, роҳҳоро аз барф тоза хоҳанд кард.
Блоки рекламавӣ