Дар вилояти Хатлон барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар соли 2023 ба вилоят 59,3 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 52,0 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Давлатов Маҳмадӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 1036,0 млн. доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Қайд гардид, ки ба вилоят аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Русия 40,1%, Чин 38,1% ва Эрон 18,1% рост меояд.