Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид гуфтааст, ба тамоми масъулини радио ва телевизионҳои давлатии кишвар дастур додааст, ки аз пахши суруд ва мусиқӣ дар давоми ду рӯз худдорӣ кунанд.

Дар ин бора pressa.tj хабар дода аз қавли Нуриддин Саид менависад, “ин нишонаи ҳамдардиву таслияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст”.

Дар худи Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба ҳалокати раисҷумҳури ин кишвар Саидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейнамир Абдуллоҳиён ва ҳайати ҳамроҳонаш дар суқути чархбол, ки рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтод, мотами панҷрӯза эълон кард.

Ҳамчунин дар Лубнон ва Сурия низ мотами серӯза эълон шуд. Илова бар ин, Покистон 20-уми майро рӯзи мотам эълон кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь