Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба ҳалокати Президенти ин кишвар Саидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейнамир Абдуллоҳиён ва ҳайати ҳамроҳонаш дар суқути чархбол, ки рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтод, мотами панҷрӯза эълон кард.

Ҳамчунин дар Лубнон ва Сурия низ мотами серӯза эълон шуд. Илова бар ин, Покистон 20-уми майро рӯзи мотам эълон кард.

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноиби Президенти Эрон Муҳаммад Мухбир дар робита ба даргузашти Президенти Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш барқияи изҳори тасаллӣ равон кард.

Ҳамчунин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори таслият ирсол кард.

Ҳайати кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтоёни эронии худ ва наздикони Ҳусейнамир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, ки дар суқути чархбол ба ҳалокат расиданд, изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь