Наҷотдиҳандагон аз марги президенти Эрон ва мусофирон дар як чархболи суқутшуда хабар доданд. Ҳама мусофирони чархболи раисиҷумҳури Эрон Раисӣ кушта шуданд.
Бар асари суқути чархболи Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, ҳамаи мусофирон, аз ҷумла худи президенти ин кишвар кушта шуданд. Дар ин бора раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон Пир Ҳусейн Коливанд хабар дод, итттилоъ медиҳад ТАСС. Ҳамчунин Мансурӣ, ноиби президенти Эрон, кушта шудани Раисӣ ва ҳамроҳонашро тасдиқ кард.
Вай тавзеҳ дод, ки наҷотдиҳандагоне, ки ба маҳалли суқут расидаанд, ҳеҷ нишонае аз одамони зинда пайдо накардаанд.
Ба ҷуз аз Раисӣ, дар ин чархбол вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, волии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ Малик Раҳматӣ ва имом-хатиби ҷумъаи шаҳри Табрез Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳошим ҳузур доштанд.
Қаблан Эрон хабар дода буд, ки чархболе, ки аз радарҳо нопадид шуда буд, комилан сӯхтааст. Наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷои ҳодиса расидаанд, иддао доранд, шароите, ки ҳавопаймо дар он қарор дорад, “хуб номидан мумкин нест”.