Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон варзишгоҳи замонавӣ бо 7260 ҷойи нишаст бунёд карда мешавад.
Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки варзишгоҳ аз ҳисоби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёд карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонї беш аз 320 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки бештари онҳо то имрӯз бунёд шудаанд.
Блоки рекламавӣ