Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бо такя ба сухангӯи ҳукумати Толибон мегӯяд, теъдоди қурбониёни заминларза дар ғарби Афғонистон аз 2000 кас гузашт. Ин харобиовартарин заминларза дар 20 соли охир аст.

Рӯзи шанбеи 7-уми октябр дар тақрибан 40-километрии шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларзаи шадиде ба шиддати 6,3 дараҷа рух дод ва пас аз он таконҳо идома ёфтанд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ тақрибан шаш деҳа хароб гардида, садҳо кас дар зери харобаҳо мондаанд. Баъдан хабар дода шуд, ки 465 хона тахриб ва 135 хонаи дигар осеб дидаанд. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, эҳтимол дорад, ки дар зери харобаҳо одамоне боқӣ мондаанд.

Моҳи июни соли 2022 дар шарқи Афғонистон заминларзаи шадид рух дода буд, ки дар ин ҳодиса дастикам 1000 кас кушта ва 1500 нафар маҷруҳ шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь