Нигоштаи зерин ба муносибати 80 – солагии рӯзи мавлуди ромишгари нотакрори давру замони мо, устод Ҷӯрабек Муродов бахшида мешавад.

Эй Бо(р)бади дав(р), муборак, ин риши сафед,

Ҳам бахти балан, дориву ҳам хони умед,

Оҳ, аз дили Устод гузаш(т), роҳи шикеб,

Ҳаштоди дигар, зам куна(д), Яздон ба умед,

Шарифи Гулзод

Мусоҳибаи мазкур порае аз зиндагиномаи ҳунарманди шинохтаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродовро дар бар мегирад. Фишурдаи матни хотирмон, ба хонандагони арҷманд пешкаш карда мешавад.

-Устоди азиз, қадамҳои Шуморо ба ин рӯзи Саид расидан шодбош мегӯем. Ба барномаи консертии Шумо, ки ба наздики бахшида ба муносибати 80 – солагии рӯзи Мавлудатон баргузор мегардад, аз номи кулли мухлисонатон комёриҳо таманно дорем. Дар арафаи ин рӯзи бароямон саодатманд, Шуморо чӣ таассуроте фарогир аст?

-Ташаккур, гузаронидани барномаи консертӣ ба ифтихори 80-солагии рӯзи Мавлуди банда, барои мухлисони азизам, ки ҳар зарра хокаш тӯтиёи чашму ҳар тори гиёҳу сабзааш, ҳар қатра обаш беҳтару қимматтар аз ганҷи дунёст, бароям шодии ширин аст.

Мо эҷодкорон, бояд аз он сарбаланд бошем, ки дар адои хидмати халқему сазовори эътибору эътирофаш ҳастем. Ва ҳар рӯзу соати мо бояд баҳри фароғати халқ, амониву ободии халқ ва баҳри шодмонии халқ сарф гардад. Агар дилеро шод кунӣ, дуои нек аз ғайб ба ту мерасад.

Аминам аз пешкаш намудани оҳангу сурудаҳои барномаи консертӣ хотири мухлисони азизам шод хоҳанд гашту ман низ аз дидорбинии чеҳраҳои бароям азиз, илҳоми тоза хоҳам гирифт. Чунончи, Мавлонои бузург мефармоянд:

Туҳфаи шоир чӣ бошад?- Рози нав,

Туҳфаи мутриб чӣ бошад? Сози нав.

-Устод, мехостам роҷеъ ба муҳтавои барномаатон чанд сухан мегуфтед?

-Ба тамошобинонам, ки дар ин соли хотирмонтарин қадам ниҳодаам, барномаи нави суруд туҳфа менамоям, ки дар асоси ғазалҳои ҷовидонаи Устод Рӯдакӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлонои Балхию Саъдӣ, Ҷомиву Ҳилолӣ, Шамси Табрезию Сайидо, Мирзо Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Саидалӣ Маъмуру Сармад, Фарзонави Озарахш ва дигар бузургон тасниф шудаанд. Иззату эҳтироми якдигар, падару модар, ватандӯстиву инсондӯстӣ, дӯстиву рафоқат, хоксориву дасти фитодае гирифтан, мардиву мардонагӣ, худотарсиву ҳалолкорӣ, раҳмдиливу ишқу муҳаббати самимӣ мавзӯъҳои интихобии ман мебошанд.

Бовар дорам ин мавзӯи сурудҳо ба замири дилҳои шунавандагон маъво мегиранд.

-Устоди азиз, чун ба гузаштаи худ назар меафканед, Шуморо чӣ хаёле фаро мегирад?

-Гӯё, ки ҳаштод сол не, 800 сол умр дида бошам, зеро ҳар дақиқаву сонияи он ончунон хуш гузаштааст. Зиндагии ҳунармандонаам, рӯзҳои беҳтарину арзандатарини саҳифаҳои муҷаллади рӯзгори маро зеб медиҳанд.

Mo бояд ғамҳои бузург, ғамҳои миллатро донем, зеро ғамҳо ғамрезаҳҳоро мехӯранд.

Дунё ба мисоли кӯзаи заррин аст,

Гаҳ об дар он талху гаҳе ширин аст.

Маҳз ба туфайли ҳунари худодода, дар толорҳои муҳташами бисёр кишварҳои дунё: Канадаву Амрико, Ҷопону Белгия, Эрону Ҳиндустон, Покистону Сурия, Ироқу Австрия, Малтаву Кипр, Мисру Исроил ва дигар мамолики ҷаҳон, байни миллатҳои мухталиф шеъру оҳанг, суруду суннатҳо ва андарзҳои тоҷикро сароида, аз ҳар як сафар ҷаҳони наве барои худ боз намудаам. Мулоқоту вохӯриҳо бо одамони наҷиб, риёзоти сафар – ҳама дар ҷамъ инсонро обутоб медиҳанд. Сафар устоди рӯзгор аст. Зеботарин кишварҳои дунёро бо чашмони худ дидам, бо обрӯмандтарину сарватмандтарин афрод, амсоли Индира Гандиву Раҷ Капур, Оятулло Хумайнӣ, Саддом Ҳусейн, Аҳмад Зоҳиру Шаҷариён, Мирзо Турсунзодаву Боқи Раҳимзода, Лоиқу Бозору Гулрухсор ва дигарон ҳамнишину ҳамсуҳбат шудаам, магар гузаштаи ширин нестанд? Суруд – эъҷози худовандист.

– Ёд аз рӯзҳои оғози ҳунари хеш мекардед?

-Тухми меҳри суруд, наво ва мусиқии рӯҳафзоро дар дили кӯчаки ман падарам коштаанд. Ҳар бегоҳ фориғ аз ғаму ташвишҳои рӯзгор пиру барнои деҳаи Куруд, ки зодгоҳи ман аст, одати хубу наҷибе доштанд, ки ҳама сарҷамъ ҳар гуна маҳфилҳо барпо менамуданд. Падарам ба чунин маҳфилҳо маро ҳамеша ҳамроҳ мебурданд ва аксаран худ суруд ҳам мехонданд. Суруд зиндагӣ аст. Он қосиди шодист. Навову дарди дили мардум аз созу суруд берун меояд…

Аз синни 8-9 – солагӣ овозаи сурудхониам аллакай дар деҳа паҳн гашта падарам минбаъд бо хоҳиши ҳамдеҳагон ба суру маъракаҳо маро ҳамроҳ мегирифтанд. Устоди нахустин ва минбаъдаи ман падарам мебошанд. Бо дуои мӯйсафедони деҳа аз пайраҳаи танги кӯҳистон то шоҳроҳи бузурги дунё расида, суруди хешро аз ҳамин деҳаи кӯчак то ба гӯши оламиён расонидаам. Баҳри сайқали истеъдоди худодода, пайваста ранҷ мебурдаму заҳмат мекашидам. Басо шабҳои тор ба субҳи сафед бадал мешуд, ки дар даст тор як оҳанг, як сурудро менавохтаму замзама мекардам. Навое бояд зад, ки тори дил аз он ба ларзиш ояд.

Суруде бояд офарид, ки ба дарди дард мондан бархӯрад, то ба захми дилҳо марҳам бигузорад, ё дилеро шодиву фараҳ бифизояд. Соли 1963 қисмат ва дилбастагӣ ба олами суруд маро бо дунёи зебо, зиндагии рангини ҳунари асил пайваст намуд.

-Назари Шумо ба сарояндагони ҷавонони имрӯза?

-Сурудхонӣ, аслан ҳунари модарзодӣ буда, истеъдоди фитриро талаб мекунад. Танҳо он овозхони соҳибистеъдод ба мақсуди дили хеш мерасад, ки ҳамон ҷавҳари истеъдоди худододи хешро ҳифз карда, сайқал дода тавонад. Суруду таронаҳоро ҳамчун донаҳои марворид дар риштаи мусиқӣ донабандӣ намояду дар талаффузу тақтеъу равонӣ ва мазмуни он аҳамияти ҷиддие диҳад. Барои офаридани як суруд даҳҳо, шояд садҳо маротиба сари мисраъҳои суруду тарона захма бар тор бояд зад. Баргардонаду боз ба андеша равад, то оҳанги марғубе бо садои дилкашу форам тавлид ёбад.

Орзуям ба соҳибистеъдодҳои ҷавон он аст, ки дар офариниши оҳангу суруд саҳлнигор набошанду таносуби вазниву оҳангии таронаҳоро риоя намоянд ва миёни байтҳо савтеро ҷой намоянд, ки пур аз муҳаббат ва эҳсосоти баланду ба дили сомеъон расад. Суруд бояд форам сароида шавад ва оҳанг бояд рӯҳнавоз бошад. Суруде, ки суруда намешавад, ҳамчун мурғест, ки парвоз надорад, ҳамчун дилест, ки тапидан надорад. Булбул савти худро дораду қумрӣ лаҳни хешро.

Воқеан, хушбахтона, имрӯз сафи сарояндагон зиёданд. Ба онҳо оҳанги тару тозаву сурудҳои дилкашро аз ашъори ноби шоирони классику муосир таманно дорам. Бигузор оҳангҳояшон рӯҳнавозу сурудаҳо ҳидоятгари сулҳу ободӣ, оҳанги Ваҳдату ягонагӣ, суруди ободии диёр, оҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлолро офаранд, ки аз дил ва ба сӯи дил, баҳри баровардани ғубор аз дил ва лаззату навозиш баҳшидан ба дилро таҷассум карда тавонанд.

-Наздик ба 60 сол аст, ки дар саҳнаҳои баланд суруд мехонед, аз он лаҳзаҳо чӣ дар ангораҳоятон нақш бастааст?

-Ман дар мактаби таронаҳои халқӣ ба воя расида, аз сурудаҳои падар ва  рубоиву дубайтиҳое, ки модари хуштаъбам мехонд, дар дилам лона гузоштаанд. Фазои мусиқиборони кошонаи волидон маро аз ин остонаи пурмеҳр то ба саҳнаи бузурги олам боли парвоз дод. Санъати ҳақиқӣ бар ивази заҳмати фидокорона, ишқи пурҷӯш ба касби хеш ба вуҷуд меояд. Санъати асил на макон дораду на сарҳад.

Солҳои тӯлонӣ аст, ки саҳна бароям муқаддас аст, барои мухлисони хеш суруд мехонам. Тӯли ин солҳо аз дараҷаи тифли ҳаваскор то ба рӯи саҳнаҳои баланди чор уқёнуси олам баромадам, бароям саодати бузурги Худои меҳрубон аст.

Дар давоми фаъолияти ҳунарии беш аз 60 сола бо ҳазорон-ҳазор тамошобинон рӯ ба рӯ омадаам, завқи дилбастагони санъатро омӯхтаам. Дар саҳнаҳои бузурги дигар кишвару мамолик, ҳунари овозхонии маро қадр кардаанд. Ба аҳли завқ бо барномаи рангоранг соатҳои бешумор консерт додан, қурбонии зиёдро талаб менамояд. Ҳар баромади худро рӯи саҳна, имтиҳони тозаву ҷиддӣ ва ба ҳаяҷон қабул мекунам. Устоди сахтгири ҳамешагии ман ин мухлисони азизи ман мебошанд. Санъат қурбонӣ мехоҳад. Тарзе бояд сароид, ки сабақдеҳи зинагиву дар роҳи маърифатнокшавии инсонҳо ва ё аниқтараш, дар инсонтар шудани инсонҳо нақши муассир бигзорад. Ин аст маънои он лаҳзаҳое, ки вуҷуди маро рӯи саҳна ҳамеша фаро мегиранд.

Дар охир, бахшида ба 80 – солагии Мавлуди таронапардози бузурги замони мо, устод Ҷӯрабек Муродов шеъри худро, ки ҳамчун мухлис барои устод фаввора задааст, бо ҳамин мусоҳибаамонро ба поён мерасонем.

СИМОИ ЗАРФИШОНАТ

Аз саҳна барнамояд, симои зарфишонат,

Аз хониши ту шодон, ёрону душманонат.

Ҳар гаҳ, ки ту саройӣ, аз саҳнаҳои дунё,

Гӯянд офаринҳо ҳам пиру ҳам ҷавонат.

Эй булбули хушилҳом, эй фахри Тоҷикистон!

Ояд садои форам, аз лафзу аз навоят.

Ҳам мардуми Зарафшон, Хатлону ҳам Бадахшон,

Гӯянд сад ҳазорон, таҳсин бар садоят.

Гӯяд Шарифи Гулзод, ин мисраҳо ба устод,

Монад нишонаи ман, ин шеър аз бароят.

Мусоҳиб: Шарифи Гулзод,

аълочии маориф, омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь