Дар назар аст, ки то соли 2026-ум дар шаҳри Бохтар 270 иншоот ба маблағи 900 миллион сомонӣ бунёд карда шавад. То имрӯз 128 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода гуфт, ки дар соли 2023-юм бунёди 70 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки дар асл 92 иншоот бо харҷи 107 миллион сомонӣ  бо таъсиси садҳои  ҷойи нави корӣ  бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024-ум бошад бунёди 62 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар онҳо корҳои сохтмони бо ҷалби мутахасисону сохтмончиёни маҳаллӣ бо маром идома дорад.

“Иншоотҳои сохташаванда, дар соҳаи маориф, тандурустӣ, саноат, хизматрсонӣ, кишоварзӣ, варзиш, сайеҳӣ, биноҳои баландошиёна ва дигар соҳаҳаҳо мебошанд”,- илова кард ӯ

Гуфта шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ 17 иншоот таъмиру таҷдид  ва сохта ба истифода дода шудааст.

Номбурда афзуд, ки дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёди 17 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он то имрӯз 10 ададаш бо таъсиси 140 ҷойи нави кори бунёд гардидааст.

Қайд гардид, ки дар шаҳри Бохтар беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон месозанд ва роҳравҳоро  сафолакпӯш мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь