Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гуруҳи «С» мақоми якумро касб карда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфт ва дар ин давр бар Афғонистон пирӯз шуда, ба Чемпионати ҷаҳон-2024 роҳҳат гирифт.

Футзалбозони Тоҷикистон дар бозии якум бар Куриёи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Дар бозии дуюм шогирдони Пайрав Воҳидов бо дастаи Қирғизистон 2:2 карданд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё, тими Ҷопон (1:1) мусовӣ кард ва бо 5 имтиёз аз зинаи якум ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аз ин гуруҳ Қирғизистон низ бо 5 имтиёз аз зинаи дуюм ба даври дигар рафт. Ҷопону Куриё мусобиқаро тарк карданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Афғонистон бозӣ кард. Дар ин бозӣ шогирдони Воҳидов бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд ва ба даври нимниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфтанд Футзалбозони тоҷик бо ин натиҷаи аввалин бор ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки имсол дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь