Сенати ИМА ниҳоят тасмим дар бораи ҷудо кардани маблағҳои ҳангуфт барои кӯмакҳои низомӣ ба Украина, Исроил ва Тайванро тасдиқ кард.

Ҳаҷми умумии ин баста 95 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки 61 миллиард доллари он барои Украина пешбинӣ шудааст.

Ҳоло барои эътибор пайдо кардани ин тасмим танҳо имзои президент Ҷо Байден лозим аст. Ба гуфтаи оҷонсиҳои ҷаҳонӣ, Байден дарњол пас аз раъйдиҳӣ дар Сенат ваъда дод, ки ин санадро билофосила имзо мекунад ва пас аз он нахустин бахши кумакҳои низомӣ ба Украина дар тӯли чанд рӯз расонида мешавад. Ба гуфтаи Байден, ин кор барои он анҷом мешавад, то тавонанд дар ин ҳафта ба Украина интиқоли силоҳ ва таҷҳизотро оғоз кунанд.

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, қонуне, ки аз ҷониби Сенат тасвиб шудааст, “ба амнтар шудани кишварашу ҷаҳон ва пуштибонӣ аз дӯстонаш, ки аз террористҳое мисли Ҳамос ва золимоне мисли Путин дифоъ мекунанд”, кўмак мекунад.

Дарҳол пас аз тасвиби ин кумак раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба сенаторҳои ИМА барои ин тасмим изҳори сипос кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь