Мусоҳиба бо муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирзода Камолиддин доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, аҳамият ва интизориҳо аз  эълон шудани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муҳимияти Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ва бархе бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”.

 – Яке аз ташаббсуҳои охири созандаи байналмилалии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин доир ба ҳифзи пиряхҳо ва пешбарии эълон шудани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Аз эълон шудани «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» чӣ интизориҳо метавон дошт?

– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти проблемаи обу иқлим ва оқибатҳои манфии он барои инсоният дар чорабиниҳои байналмилалие, ки барои ҳаллу фасли ин масъала нигаронида шудаанд, яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешқадам дониста мешавад. Қабули ин татбирҳо метавонад барои коршиносони соҳа, ҳамчун шароит барои ташкили платформаи байналмилалии усулҳои баландсифати бисёрҷанбаи мушоҳидаи объектҳои табиӣ, пиряхҳо, кӯлҳои кӯҳӣ, яхбандии абадӣ, тарма ва селҳои пиряхӣ дар минтақа ва ҷаҳон бошад. Ҳадаф аз эълон шудани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ин ҳифз ва таҳкими мушоҳидаҳои босифати сарвати асосии ҷумҳурӣ – об ва захираҳои табиии он, пиряхҳо, майдонҳои барфӣ ва кӯлҳои баландкӯҳӣ мебошад.

– То имрӯз аз захираи умумии пиряхҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст. Ин падида сабабгори офатҳои табиӣ, ба мисли рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, сар задани зуҳуроти селӣ, обхезӣ, хушксолӣ шуда, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳисороти зиёдеро мерасонад. Ҳамзамон, чунин ҳолат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ мушоҳида мешавад.  Албатта, наметавон пеши роҳи обшавии пиряхҳоро гирифт, вале оё роҳе ҳаст, ки ин ҷараёнро пасттар кунад?

– Таъсири раванди тағирёбии иқлим хеле гуногун аст. Аз обхезии харобиовар дар Покистон то афзоиши норасоии оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар мисоли равшани Осиёи Марказӣ бисёртар таъсири раванди тағйирёбии иқлим дар пиряхҳои минтақа бараъло мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми 50-60 соли охир дар натиҷаи тағйирёбии шароити иқлим, масоҳати болои пиряхҳо тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфтааст.

Натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолаи мутахассисон нишон медиҳанд, ки бар асари гармшавии иқлим то соли 2050 ҳаҷми об дар ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё, ки манбаи муҳими об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, аз 10  то 15 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Ин нишондод то солҳои 2050-2100 дар ҳавзаи дарёи Сирдарё ба 30 фоиз ва дар ҳавзаи дарёи Аму ба 40 фоиз метавонад кам шавад.  Ин ду шохоби бузурги минтақа манбаи асосии ғизогирии баҳри Арал дониста мешаванд ва ҳолати кунунии баҳри Арал натанҳо мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ аст, балки хушкида аз байн рафтани он барои иқлими тамоми Сайёра оқибати ногувор дорад. Дар ин замина, бо мақсади рафъи бӯҳрони экологӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз бузургтарин офатҳои асри ХХ эътироф шудааст, соли 1993 аз Ҷониби Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ – Бунёди Байналмилалии Наҷоти баҳри Арал таъсис дода шудааст. Сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 1993 Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА)-ро таъсис дода, Низомномаи ФБНА-ро тасдиқ карданд, ки вазифаи асосии он ин маблағгузорӣ ва қарздиҳии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки байнидавлатии экологӣ ва илмию амалӣ, ки ба наҷоти баҳри Арал ва солимгардонии вазъи экологӣ дар минтақаҳои зери таъсири фалокати Арал қарор доранд, мебошад. Яъне, раванди тағирёбии иқлим ба ҷаҳони мо, бахусус дар Осиёи Марказӣ, ки яке аз минтақаҳои осебпазири ҷаҳон ба шумор меравад, таъсири рӯзафзун дорад ва ҳарчи зуддтар дарёфи тадбирҳо ҷиҳати пешгирии раванди тағйирёбии глобалии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа аввалиндараҷа мебошанд.

– Обшавии пиряхҳо ба тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бетаъсир намемонад, аз ҷумла муҳити зист. Дар ин росто, кадом корҳо амалӣ мегарданд, то ки таъсири манфӣ камтар бирасад?

– Вобаста ба масъалаи обу иқлим ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омада, ҳамаи ин ташаббусҳо барои баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли пролблемаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши ниҳоят муассир доранд. Стратегия ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ қабул шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳои ҷумҳурӣ “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул гардидааст. Дар доираи барномаи мазур омӯзиши пайвастаи пиряхҳои ҷумҳурӣ аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардида, ҷиҳати тадбирандешӣ тавсияҳо ироа мегарданд. Яке аз чорабиниҳои муҳим ҷиҳати пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим, ин бунёди ҷангалзорҳо маҳсуб мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина чорабиниҳои мушаххасро рӯй даст гирифтааст, ки солҳои охир аз ҷониби кумита дар саросари ҷумҳурӣ садҳо ҳазор дарахт шинонида шуда, садҳо гектар токзор ва ҷангалҳо бунёд ва барқарор шудаанд.

– Ҳоло «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» амал мекунад. Бигӯед, ки раванди амалишавии барномаи мазкур чӣ гуна аст?

– Мақсади Барномаи мазкур омӯзиш ва банақшагирии чорабиниҳои низоми самарабахши мониторинги яхшиносии ҳолати пиряхҳо ва барфҳои тамоми ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба таври фаврӣ қабул намудани чораҳои самарабахш оид ба паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба одамон ва иқтисодиёти мамлакат ва минтақа мебошад. Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи мазкур тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар самти яхшиносӣ ва омилҳои вобаста ба он кору фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамасола ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои барномаи мазкур аз тарафи мутахассисони Агентӣ корҳои тадқиқотӣ – экспедитсионӣ, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ мониторинги фосилавии доимии захираи барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва рахнашаванда амалӣ мегардад.

Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтааст, доир ба ин фонд чӣ гуфта метавонед?

– Соли 2022 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ дар баробари эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март – Рӯзи байнамилалилии ҳифзи пиряхҳо,  дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар он ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Фонд ҳадафи таъсиси механизми маблағгузории лоиҳаҳои самти ҳифзи пиряхҳоро тавассути дастгирии мувофиқи грантӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар назар дорад. Муттаҳидсозии маблағҳое, ки аз донорҳои гуногун ба даст меоянд, имкон медиҳанд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаҳои афзалиятнокро маблағгузорӣ кунад ва бо ин восита ба вазъи муҳити зист дар маҷмӯъ ва ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири мусбӣ расонад.

– Яке аз вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо ин омӯзиши пиряхҳои набзӣ ва кӯлҳои пиряхӣ бо мақсади муайян намудани вазъи онҳо мебошад. Оё дар Агентии обуҳавошиносӣ доир ба ин масъала кадом корҳо амалӣ гашта истодаанд?

– Дар сохтори агентӣ бахши пиряхшиносӣ дорои таърихи 68-сола мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати баҳо додани вазъи кулли пиряхҳои кишвар дар ҳама ҳавзаҳои яхбандӣ пиряхҳои назоратиро ташкил намудааст, ки дар умум онҳо Шабакаи мониторинги пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ин шабака як қатор пиряхҳои набзӣ низ ворид гардидаанд, ки ҷиҳати паст кардани хавфи офатҳои табиӣ вобаста ба пиряхҳо мониторинги доимии онҳо амалӣ карда мешавад. Агентии обуҳавошиносӣ ҳамасола дар доираи “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030” дар кӯлҳои пиряхии кишвар мушоҳидаҳои аэровизуалӣ бо воситаи чархбол ва корҳои тадқиқотӣ экспедитсонӣ бо усули пиёда амалӣ намуда, ҷиҳати пешгири кардани хавфи рахнашавии он бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

– Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” омадааст, ки “тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо” бояд ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин масъалаи муҳим чӣ корҳо амалӣ шудаанд?

– Албатта, яке аз бандҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” дар масъалаи танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо ин тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳа дар самти мониторинги пиряхҳо ва роҳандозии татбирҳои ҳифзи онҳо мебошад. Агентии обуҳавошиносӣ барои баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони самти пиряхшиносӣ бо институтҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро бароҳ монда, ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар доираи имкониятҳои худ ва бо дастгирии шарикони рушд курсҳои бозомӯзии дахлдорро дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил мекунад.

– Омӯзишу таҳқиқи илмии пиряхҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Бигӯед, ки омӯхтани махсусияти пиряхҳо ба кам ва дертар обшавии онҳо то кадом андоза мусоидат мекунад?

– Омӯзиши дақиқи пиряхҳо дар паст кардани обшавии онҳо нақши бевоситаро мебозад. Фаҳмиши беҳтари равандҳои дар пиряхҳо рухдода, аз қабили обшавӣ, ҳаракат ва таъсири мутақобила бо иқлим ба олимон имкон медиҳад, ки моделҳои пешгӯии рафтори ояндаи пиряхҳоро таҳия кунанд. Ин моделҳоро барои арзёбии таъсири эҳтимолии тағирёбии иқлим ба пиряхҳо ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба таъсири он истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин, дониш дар бораи пиряхҳо барои арзёбии хатарҳои марбут ба обшавии онҳо, аз қабили болоравии сатҳи баҳр, пайдошавии кӯлҳои пиряхии хатарнок ва селҳои пиряхӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь