Роберт Кох (бо олмонӣ: Robert Koch) 11-уми декабри 1843 дар Олмон таваллуд шудааст. Ӯ табиб ва олими машҳури ҷаҳонӣ буд, ки бо омӯзиши худ дар соҳаи авомили микробҳо ва кашфи ангезандаҳои бемории сили маъруф ба “Bacillus Koch” муътабар гардид. Вай соли 1882 микобактерияи силро тавсиф кардааст.

Роберт Кох фарзанди сеюм аз сенздаҳ фарзанди волидайнаш буд. Ӯ дар чорсолагиаш ба корҳои мактабии бародарони калонаш диққат дода, хондану навиштанро ёд гирифтааст.

Соли 1851 вай ба мактаби миёнаи Клаустал дохил шуд. Ӯ ба забонҳои классикии лотинӣ ва юнонӣ, ки он замон дар мактаби миёна таълим медоданд, чандон таваҷҷуҳ зоҳир накарда ва баръакс, ба омӯзиши фаронсавӣ ва англисӣ пардохт. Омӯхтани забони англисӣ дертар ба ӯ кӯмаки фавқулода намудааст. Зеро ӯ баъдан дар Африқо ва Ҳиндустон тадқиқот мегузаронад. Кох моҳи октябри соли 1862 мактаби миёнаро бомуваффақият хатм мекунад.

Ӯ соли 1862 пас аз хатми мактаби миёна дар Геттинген аввал дар риштаи забоншиносӣ таҳсил карда, аммо дар миёни нимсолаи аввал соҳаи таҳсилашро тағйир медиҳад ва ба тиб мегузарад.

Яке аз профессороне, ки Кох ҳамеша эҳтиромаш дошт, Георг Майснер буд, ки баъдтар дар ҳаёти тадқиқотии ӯ нақши муҳим бозид. Дар соли 1865 таҳти роҳбарии Мейснер Кох пайдоиши кислотаи суксиниро дар одам омӯхт. Кох ҳатто баъзе аз таҷрибаҳоро дар худ анҷом дод ва парҳези махсусро барои худ муқаррар кард ва ҳар рӯз барои мавҷудияти кислотаи суксинӣ кӯшиш менамуд.

Пас аз чаҳор сол Роберт, ки дар мактаби профессороне чун Якоб Ҳенле, Георг Майснер ва Карл Ҳассе таҳсил карда буд, омӯзиши  худро дар ин соҳа ба итмом расонд ва дар ҳамон сол бо Ами Фратс издивоҷ намуд.

Оғози кор

Пас аз хатми таҳсил Кох дар беморхонаи умумии шаҳри Гамбург ба ҳайси духтур дар давраи сар задани бемории вабо дар соли 1866 фаъолона кор мекард. Аксари гирифторони ин беморӣ ҳамон сол фавтиданд. Дар соли 1868 Кох дар шаҳраки хурди Лангенҳаген дар наздикии Ҳанновер пизишкӣ мекард ва аксар вақт маҷбур мешуд, ки аз сабаби нарасидани мизоҷ таҷрибаи худро кам кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳанӯз ҳам дар як ҳуҷраи хурде, ки паси идорааш ҷойгир буд, тадқиқот анҷом медод. Аввалин кори бузурги ӯ вақте оғоз ёфт, ки вай ба муқобили касалии “Сибирхонаи чорво”, ки чорвои деҳқонони Лангенгагенро нобуд мекард, мубориза бурд. Вай тавассути ихтироъ кардани усули нав, ки тадқиқоти микроскопиро осон мекард, микробҳоро мушоҳида намуд. То он вақт намунаҳои санҷишӣ дар маҳлулҳо нигоҳ дошта мешуданд ва вақте ки ин намунаҳо дар зери найчаи микроскоп ҷойгир карда шуданд, бактерияҳо бо ҳаракат дар маҳлул аз майдони назари зери найчаи микроскоп дур шуданд. Кох бо дуруст кардани хамира аз ҷалбакҳое, ки онҳоро «Огор-огор» меноманд, ҳаракати микробҳо ва босилҳои парвариши даруни хамирро кам мекунонид.

Роберт Кох солҳои 1870 ва 1871 ихтиёран ба ҳайси табиби артиш дар ҷангҳои байни Олмон ва Фаронса хидмат кард ва пас аз бозгашт аз ҷанг имтиҳонро бомуваффақият супурда, духтури расмии давлатӣ ва узви Академияи тибби Олмон шуд.

Дар аввал Кох танҳо пизишкӣ мекард, вале баъдтар роҳбарии якчанд гурӯҳҳои тиббиро ба ӯҳда гирифт. Яке аз бузургтарин ва боризтарин истеъдодҳои ӯ дар атрофи худ ташкил кардани гурӯҳҳои коршиносон ва онҳоро ба кор ташвиқ намуд буд.

Он замон табибони аврупоӣ дар мубориза бо бемориҳо чандон муваффақ набуданд ва Кох дар ин маврид чунин гуфтааст:  «Вақте пизишке пушти тобути бемораш роҳ меравад, ин ба он маъност, ки иллат паи натиҷа давон аст».

Кашфи сил

Кох ҳамроҳи мутахассисони гирду атрофаш роҳи дигарро пеш гирифтанӣ мешуд. Соли 1882 ӯ соли бомуваффақияти ҳаёти тиббии худро, ки бо пастиву баландиҳо ҳамроҳ буд, сипарӣ намуд. Ҳамон сол вай расман эълон кард, ки сабаби бемории силро муайян кардааст. Ин як хабари ғайриоддӣ буд, ки зуд дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Он замон сил бемории маъмул набуд. Онро вабои сафед меномиданд ва сабаби бист дарсади маргу мири Аврупо ба ҳисоб мерафт, ки ба он бештар ҷавонон ва наврасоне гирифтор мешуданд ва дармоне намеёфтанд. Зеро ҳич касе сабабашро намедонист. Бо кашфи бактерияи Кох акнун маълум гардид, ки ин беморӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва чаро бештар дар минтақаҳои сераҳолӣ ва камбизоат пайдо мешавад. Ҳамчунин, роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии он низ рӯшан гардид.

Соли 1883 Кох ҳамроҳи як гурӯҳ табибони Фаронса дар Миср ба муқобили вабо мубориза бурд ва дар онҷо бактерияи «Vibrio»-ро, ки сабаби асосии вабо дониста мешуд, аз нав муайян кард. Ин бактерияро табиби итолиёвӣ Филиппо Пачинӣ соли 1854, тақрибан сӣ сол пеш аз Кох кашф карда буд, ки аммо онҳо ба кашфиёти ӯ аҳамият надоданд.

Соли 1885 Кох бо чандин дастовардҳои илмии худ профессори Донишгоҳи Берлин гардид.

Дармони нодуруст

Пас аз ҳашт соли кашфи ангезандаи бемории сил Роберт Кох дар омода намудани дору барои табобати ин беморӣ хато кард. Гап сари он, ки дар моҳи августи соли 1890 ба муносибати Конгресси XX-и байналхалқии тиб бояд панҷ ҳазор нафар духтурон ва коркунони илмии соҳаи тиб аз чиҳил мамлакати ҷаҳон ҷамъ меомаданд. Олмон ба унвони мизбони ин нишаст талош кард, то худро муваффақ ва донандаи фановарӣ нишон диҳад. Роберт Кох низ яке аз се сухангӯи асосии Конгресс интихоб шуд. Дар ин Конгресс Кох доруи ихтироъкардаи худро, ки бетаъсир буд ба иштироккунандагон пешниҳод кард. (Маълум нест, ки Роберт Кох зери таъсир ва фишори рекламавӣ ё бо мақсадҳои шахсӣ барои муолиҷа ва пешгирии касалии сил ба иштироккунандагони Конгресс доруҳо пешниҳод кардааст ва ғайра. Аммо ин дору дар муддати кӯтоҳ дар худи Кох ва баъзе аз ҳамкорони ӯ низ санҷида шуда буд. Мутаассифона, доруи ихтироъкардаи онҳо ба натиҷаҳои ниҳоӣ нарасиданд). Пахши ин хабар ҳазорон нафар беморонро аз тамоми Аврупо ба Берлин оварда буд. Ҳама умед доштанд, ки шифо меёбанд. Беморхонаҳо ва меҳмонхонаҳои Берлин аз беморон пур буданд, то табобат дар худи меҳмонхонаҳо низ анҷом дода шавад. Аммо ин маводи доруворӣ интизории беморонро бароварда накард ва Кох, ки зери фишори зиёди мардум қарор гирифт, аз тарси хашми онҳо Олмонро бо ҳамсараш ба Миср тарк намуд. Ин ибтидои сафарҳои зиёде ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон буд, ки дар он ҷо Кох пайваста микробҳо ва бактерияҳоро шикор намуда ва бо бемориҳои маъмул ва сирояткунанда мубориза мебурд ва ин кори ӯ солҳои зиёд давом кард. Ҳамон сол  ӯ  аз занаш ҷудо шуда, бо духтари ҷавоне бо номи Ҳедвиг Фрайберг, ки то охири умр бо ӯ буд, дубора издивоҷ кард.

Соли 1905 Академияи Нобел Кохро барои талошҳо ва кораш дар соҳаи тиб, хусусан дар кашфи сил бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб сарфароз гардониданд.

Маргу васият

Пас аз панҷ сол, яъне 23-уми майи соли 1910 Кох, ки аз касалиҳои сироятшаванда аз қабили вараҷа шифо ёфта буд, дар тарафи чапи синааш дарде ҳис карда, дар нафаскашӣ азоб медид. Ӯро ба бемористони шаҳри Баден-Бадени Олмон интиқол доданд. Тибқи гуфта, ӯ 27-уми ҳамон моҳ аз бемории сил фавтид. Тибқи васияти ӯ ҷасади Кох сӯзонда шуда ва хокистараш бошад ба Пажӯҳишгоҳи мубориза бо бемориҳои сироятии Берлин интиқол гардид. Хокистари ӯро дар ҷои махсус нигоҳ медоштанд ва баъд аз он ба Институти нави ба номи Кох интиқол намуданд.

Ин буд таърихчаи зиндагонии Роберт Кох ва кашфи ӯ аз бемории сил. Аз марги ӯ солҳо сипарӣ гардид ва ҳанӯз ҳам тадқиқоти ӯ дар силшиносии дунё пайваста истифода мешавад. Бо мурури замон тибби ҷаҳонӣ зин ба зина дар силшиносӣ муваффақиятҳоро соҳиб гашту аммо ин бемориро комилан аз миён набурд. Давра ба давра  ин беморӣ ба саросари ҷаҳон паҳн гардиду дар баробари ин ғамхориҳо ва иқдомҳои зиёде аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бар хотимаи он анҷом шуд. Ҳоло ин беморӣ дар саросари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон бо кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ табобати ройгон дорад. Дар кишвари мо дар ин бахш лоиҳаҳои зиёде бо барномаҳои васеъ ва муваффақона кор мебаранд. Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон ниҳоде дониста мешавад, ки дар пешгирии сил дар Тоҷикистон ва дар бахшҳои дигари он фаъолияти чашмрасе дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь