Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон хабарнигори маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари ниҳоди болозикр Шарифов Изатулло суҳбати ихтисоси анҷом дод ва фишурдаи онро пешакаши хонандагон менамоем.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа муҳим арёбӣ мегардад ва тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки мо- кормандони соҳаи тиб ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, барои дар сатҳи баланд ба мардум хидмат расондан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳем кард.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, байни бахшӣ сафарбаркунии тамоми бахшҳо ва худи аҳолиро тақозо дошта, оилаи солим бунёди ҷомеа ва давлатӣ солим мебошад.

Сохтор ва базаи кадрӣ

Номбурда қайд кард, ки Маркази саломатии ноҳияи Ёвон воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомӣ-1 ҷойгир буда, бино аз 5 ошёна ва 120 утоқи корӣ иборат мебошад.

Ҳамагӣ муассисаҳои порофилактики 78 муассисаро дар бар гирифта, 6 марказҳои ёрирасон, Маркази саломати ноҳиявӣ, Маркази тиббии оилавӣ, Маркази солими репродуктивӣ, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази ҳамбастаги бемориҳои кӯдакона, Маркази ҷавонон, 31 марказҳои саломатии деҳотӣ, 40 бунгоҳҳои саломатӣ ва 7 нуқтаи тиббӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд, ки дар онҳо 724 нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд.

Аз инҳо 89 табиби маълумоти олӣ, 410 корманди миёнаи тиб, 104 корманди хурди тиб ва 41 корманди ба кору фаъолияти гуногун хизматрасонӣ мекунанд.

Дар МСН 46 табиб аз 59 ҳамшираи тиб, 10 корманди хурди тиб, 28 дигар корманд кор мекунанд.

Дар МТО 7 табиби тибби оилавӣ, 43 нафар ҳамшираи тибби оилавӣ, 6 корманди хурди тиб.

Дар МСР 10 табиб, 6 момодоя, 4 ҳамшираи тиб ва 4 коранди хурди тиб, дар Маркази ҳамбастаги бемориҳои кӯдакона 1 табиб, 1 ҳамшира ва 1 корманди хурди тиб кору фаъолият карда истодаанд, ШТМҶ 3 табиб, 4 ҳамшираи тиб, 1 корманди хурди тиб фаъолият мекунанд.

Аз 89 табиб бо дараҷанокии касбии олӣ 16 нафар, дараҷанокии касбии 1-ум 15 нафар, дараҷанокии касбии 2-ум 12 нафар.

Аз 380 нафар ҳамшираҳои тиб бо дараҷанокии касбии олӣ 140 нафар, касбии 1-ум 30 нафар, касбии 2-ум 68 нафар мебошанд.

Дар Маркази пусту зуҳравӣ 4 табиб, 5 ҳамшираи тиб ва 2 корманди хурди тиб, дар Маркази руҳию нашамандӣ 2 табиб, 6 ҳамшираи тиб ва 1 корманди хурди тиб, 1 нафар бақайдгиранда фаъолият мекунанд.

Дар шуъбаи Физиотерапевтӣ 2 нафар ҳамшираи тиб., дар 31 МСД 15 табиб, 281 корманди миёнаи тиббӣ, 81 корманди хурди тиббӣ ва дигар кормандон 12 нафар ба мардум хизмат мерасонанд.

Бунёдкорӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки марказҳое, ки дар дохили шаҳрак ҷойгир шуданд, дар солҳои охир таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Аз 31 маркази саломатии дар деҳот буда, МСД- Қуймот, Қашқараҳа, Анористон, Фурқат, Гулафшон ба аз навсозӣ ниёз доранд, инчунин марказҳои саломатии деҳоти Озодӣ, Чароғчӣ, Қайнама, Шурча, Даштобод, Саъдии Шерозӣ ва Ҳамза ба таъмири капиталӣ ва косметикӣ ниёз доранд. Ва аз 40 бунгоҳи саломатӣ, БС- Охуҷар, Чашмасор, Сарқамиш, Қирғизобод, Эшонобод, Сарга-2, А. Навоӣ-1, Ваҳдат-2, Чоргул, Наврӯз ба аз навсозӣ ниёз доранд.

Маркази саломатии деҳоти Гулистон аз ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова дар бинои чойхонаи деҳа ҷойгир буда, замин барои сохтмон ҷудо карда шудааст, барои сохтмон  корҳо дар ин самт шуруъ гардидааст, маблағи умумии сохтмон- 537 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 228 ҳазор сомонӣ пешпардохт карда шудааст.

Бунгоҳи саломатии Обӣ-Мукӣ-1 аз ҷамоати деҳоти Обшорон дар бинои садамавӣ ҷойгир буда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо саҳми маҳал рафта истодааст.

Маркази саломатии деҳоти Баҳор аз ҷамоати деҳоти Норин бошад дар бинои хоҷагии деҳқонӣ ҷойгир буда ва барои аз навсозӣ корҳо сохтмонӣ шуруъ шудааст.

Бунгоҳи саломатии Саркамиш дар ҷамоати Гулсара Юсупова, ки дар деҳаи Сарқамиш ҷойгир аст, аз тарафа соҳибкори деҳаи мазкур санаи 26.06.2024 сохта ба истифода дода шуд ва Бунгоҳи тиббӣ аз 5 ҳуҷра иборат мебошад.

Марказҳои саломати деҳот ва 8 Бунгоҳои саломатии деҳот ба сохтмон ва азнавсозӣ ниёз доранд ва барои бартараф кардани ин мушкилотҳо ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардаем ва талош мекунем, ки барои ободиву пешрафти соҳа саҳми назарраси хешро гузорем.

Касбияти табиб

Ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат афзуд, ки дар ҳаёти инсоният нақши пизишк муассир буда, барои сиҳатмандиву пешгирии бемориҳои гуногун инсонҳоро ҳифз менамояд. Табиист, ки пизишкон тамоми донишу малакаи хешро баҳри беҳбудиву солимии ҷомеа сарф мекунанд, аз ин рӯ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон низ тайи солҳои зиёдест, ки барои мардум заҳмат мекашанду беморонро табобат мекунанду ноумедонро умед мебахшаду маризонро аз марг наҷот медиҳанд. Ҳамсуҳбати мо зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ изҳор дошт, ки мо- табибон шабу рӯз дар андешаи мардум ҳастему муроҷаткунандагонро сарвақт ба мушкилоташон расидагӣ мекунем. Мавсуф бар ин андеша аст, ки табиб бояд пеш аз ҳама равоншиноси хуб бошад, то тавонад беморонро нахуст бо сухан оромишу руҳбаланд намояд. Ҳамчунин, кори аз он иборат аст, ки ба беморон чунон муомила кунем, ки беморон нахуст аз ҷиҳати равонӣ руҳбаланд шаванду навмедию ранҷро то андозае аз дилашон дур намоянд.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь