Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода хабарнигори маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Ятимов Тоҷиддин Ҳакимович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда иттило дод, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои мубрам ба шумор рафта, дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷ.Т. ва қарору амрҳои раиси шаҳри Турсунзода кор ва фаъолият менамояд.

Стратегия ва сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро оиди беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ҷамоати табибони шаҳр дар амал татбиқ намуда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои ба нақша гирифта шударо ба сомон расониданд.

Муассисаҳои тандурустии шаҳр аз соли 2007 то моҳи майи соли ҷорӣ аз рӯи Барномаи кафолатҳои давлатӣ фаъолият доштанд. Аз ҳисоби ҳампардохт (Барномаи кафолатҳои давлатӣ) дар чор моҳи соли равон ба хазинаи беморхонаҳо 1452917 сомонӣ ворид шудааст, ки аз он барои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ 1103597,8 сомонӣ, маводҳои конселярӣ 74920 сомонӣ, маводҳои хоҷагӣ 48015 сомонӣ, маводҳои нарм 2730 сомонӣ, андоз 72842,25 сомонӣ ва музди меҳнат 152811,91 сомонӣ харҷ шудааст. Дар беморхонаҳои шаҳр қариб 7000 нафар шаҳрвандон ба таври ройгон табобат гирифтанд. Беморхонаҳо аз 1 май инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои системаи давлатӣ» кор карда истодаанд. Дар аз моҳи май то 20 сентябри соли равон ба хазинаҳои беморхонаҳо 3337623 сомонӣ ворид шудааст, ки аз он барои доруворӣ 1327059,2 сомонӣ, барои андоз 216166,04 сомонӣ, маводҳои конселярӣ 81063,52 сомонӣ, маводҳои хоҷагӣ 88105,1 сомонӣ, маводҳои нарм 127331,12 сомонӣ ва музди меҳнати иловагӣ 229893,88 сомонӣ харҷ шудааст.

Фаъолияти пурсамар

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки нақшаи маҷмӯи тараққиёт ва мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ҳукумати шаҳр тасдиқ кардааст, ба беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рушди соҳаи тиб дар нуҳ моҳи соли 2023 мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ барои соҳаи тандурустии шаҳр 38244775 сомонӣ ҷудошуда буд, ки аз он 29794086 сомонӣ харҷ шудааст.

Кормандони соҳа баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуну қарорҳо, Консепсияҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллию соҳавӣ, Нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси шаҳр, ки онҳо баҳри рушди саломатии аҳолӣ равона гардидаанд, фаъолият карда истодаанд.

Базаи кадрӣ

Номбурда тазаккур дод, ки барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар шаҳр 6 беморхонаҳои бистарикунони давлатӣ, 12 клиникаҳои хусусии бистарикунонӣ, ки дар онҳо духтурон – 519 нафар бар қиёси 517 нафари соли гузашта, кормандони миёнаи тиббӣ-1614 нафар бар қиёси 1621нафари соли гузашта, фаъолият менамоянд. Дар  байни онҳо 51 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ, 2 духтурони хизматнишондода, 1 доктори илмҳои тиб, 8 нафар номзади илмҳои тиб кору фаъолият доранд. Таъминнокӣ бо духтурон 98,3% ва бо ҳамшираҳои шафқат 100% таъмин мебошанд.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар бахши госпиталӣ 8 нафар табибон ба кор қабул шуданд. Ҳамшираҳои шафқат 76 нафар ба кор кабул карда шуданд.

Таъминот бо духтурон дар шаҳр бо ихтисосҳои асосӣ ба 10.000 сар аҳолӣ чунин аст: ҳамагӣ-бо духтурони тибби оилавӣ- 5,6, бемориҳои дарунӣ 1,9 (миёнаи ҷумҳуриявӣ 4,0), бо духтурони кӯдакон 4,7 (3,0), бо ҷарроҳон 1,4 (1,7), бо духтурони бемориҳои занона 2,4 (1,9), бо дандонпизишкҳо 2,3 (1,4), бо фтизиаторон 0,4 (0,2), бо духтурони бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул 0,2 (0,3).

Иҷрои талабот

Инчунин, мавсуф зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои тандурустӣ 203 адад қарорҳо, амру фармонҳо ва дигар мактубҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳо ворид шуданд, ки қисме аз онҳо барои корбарӣ қабул шуда, дигарашон дар байни кормандони соҳа баррасӣ шуданд. Аз муассисаҳои тандурустӣ 201 адад ҳуҷҷатҳои ҷавобӣ ва мактубҳо содирот шудаанд. Аз ҷониби шаҳрвандон 30 аризаҳо оиди расонидани кӯмаки тиббӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо ҳалли худро ёфтаанд. Дар ин давра 22 нафар шаҳрвандон шифоӣ муроҷиат карданд, ки  ҳамаи талабу дархости онҳо аз рӯи имконият иҷро  шуданд.

Бунёдкорӣ

-Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём омадааст, дар Беморхонаи марказии шаҳр як қатор корҳои ободонию созандагӣ амалӣ шуданд.

Дар шуъбаи зоишгоҳ 3 толори таваллудкунӣ ба пуррагӣ таъмири мукаммал шуда, дару тирезаҳояш ба дару тирезаҳои пластикӣ иваз карда шудаанд. Дар боқимонда толорҳо таъмир идома дошта, то охири сол ба итмом мерасад. Роҳрави шуъбаи модару кӯдак бо линолиум пӯшонида шуда, деворҳояш рангу бор шуданд. Дар дигар шуъбаҳои беморхона бо кӯмаки соҳибкорон таъмир аз рӯи нақша шуда истодааст,-афзуд номбурда ва ҳамзамон, илова кард, ки дар аввали сол ҳоҷатхона ва ҳуҷраҳои шустушӯии қариб ҳамаи шуъбаҳо таъмири мукаммал карда шуданд. Дар дигар шуъбаҳои беморхона нақшаи таъмир тартиб дода шуда, идома дорад. Дар се ошёнаи шуъбаҳои таваллудхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории соҳибкорон тирезаҳои чӯбин бо тирезаҳои пластикӣ иваз шуда, иваз намудани боқимонда тирезаҳои шуъбаҳои мазкур идома дорад. Инчунин, тирезаҳои шуъбаи эҳёи калонсолон низ бо пуррагӣ иваз карда шуданд. Дар беморхона як ҳуҷра бо дастгирии ҶДММ “Сифатфарма” таъмири мукаммал шуда, барои нест (сӯзондан) кардани сӯзандоруҳо ва ҳамроҳаки кӯдакони навзод печкаи электрикӣ гузошта мешавад.

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд 1 адад таҷҳизоти “Автоклав” ба Беморхонаи марказии шаҳр ва ба шуъбаҳои сироятии беморхона 33 номгӯй дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббӣ, аз ҷумла 20 адад катҳои стандартии беморхонагӣ бо матрасҳо, маводҳои доруворӣ ва тиббӣ ба маблағи зиёда аз 1500000 сомонӣ дастрас карда шуданд.

-Оиди тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷроиши захираи маводҳои хӯрокворӣ, 10 куб ҳезум ва сӯзишворӣ аз рӯи нақша иҷро шуданд. Инчунин, 150м2 тирезаҳо шишабандӣ шуданд. 2 адад генераторҳои 40кв ва 3 адад генераторҳои 3 кв омода мебошанд,-қайд кард мавсуф.

-Аз ҷониби сартабиби беморхона дар 9 моҳи соли равон ба 9 нафар шаҳрвандон- беморони камбизоат, ки бо ариза ва ё шифоӣ муроҷиат намуданд, ёрии тиббии ройгон бо таъмин намудан бо маводҳои доруворӣ ба маблағи 5108 сомонӣ расонида шуд,-илова кард номбурда.

Ёрии статсионарӣ ба аҳолӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки бо мақсади андешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ нисбати сирояти нави коронавирус тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо воситаҳои ҳимояи фардӣ, ниқоб, дастпӯшак, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шудааст. Тамоми муассисаҳо ҳамарӯза бо маводҳои безараргардонӣ коркард карда мешаванд.

Дар ҳамаи муассисаҳои табобатии профилактикии шаҳр ҳамарӯза корҳои таблиғотӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 гузаронида мешавад.

Статсионарҳои шаҳр дорои 850 кат буда, аз онҳо 39 кати рӯзона мебошанд. Аз онҳо: катҳои ҷарроҳӣ 295 адад, аз ин адад 52 кат барои кӯдакон, катҳои бемориҳои дарунӣ 370 адад, катҳои бемориҳои соматикии кӯдакона 95, катҳо барои таваллуд 90 адад мебошанд. Дар деҳот 170 кат мавҷуд аст, ки аз он 50 кати бемориҳои руҳии Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ мебошад. Таъминоти аҳолӣ бо катҳои беморӣ ба 10.000 нафар 44,7 -ро ташкил медиҳад (нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳуриявӣ 67,2). Таъминот бо катҳо барои бемориҳои дарунӣ 27,5 мебошад, бо катҳои ҷарроҳӣ 15,5, бо катҳои барои бемориҳои кӯдакона 17,4 барои таваллудхонаҳо 20,5 адад мебошанд.

Дар ин давра ба қабулгоҳҳои беморхонаҳои шаҳр 24197 нафар беморон нисбати 25037 нафари соли 2022 муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 20286 нафар беморон бисатарӣ шуда, нисбати 20327 нафари соли 2022 ёрии тиббӣ расонида шуд. Пуркардани рӯзмарраи катҳои шаҳр ба миқдори 83,5% муқобили 75,1% иҷро шуд. Аз шумораи умумии бистаришудагон дар Беморхонаи марказии шаҳр 15733 нафар- 86,83%, дар БШ №2 4363 нафар- 119,7 %, дар шуъбаи бемориҳои сил 44 нафар- 33,2% ва шуъбаи бемориҳои пӯст ва таносул 146 нафар- 57,0 % ташкил менамояд. Дар шуъбаҳои таваллуд дар ин давра 6697 нафар кӯдак таваллуд шудааст. Дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ 775 нафар беморон бистарӣ шуданд, ки аз он 187 нафар калонсолон ва 588 нафар кӯдакон мебошанд. Аз шумораи умумии беморон 459 нафарашон бо бемории шадиди меъдаю рӯда, 49 нафар бо Гепатити «А» мебошанд.

-Дар давоми 9 моҳи соли 2023 дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ҳамагӣ 3205 адад ҷарроҳӣ нисбати 3426 ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, аз ин шумора 849 адад дар шуъбаи таваллудхона, ки аз он 788 адад буриши Қайсарӣ. Аз ҳамаи ҷарроҳиҳо 5 тоаш мураккаб шудааст, ки 0,08%-ро нисбати 3- 0,16%-и соли гузашта ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҳамаи ҷарроҳиҳо 2149 тоашро ҷарроҳиҳои фаврӣ, нисбати 1841 – соли гузашта ташкил медиҳад,-афзуд номбурда.

Дар иҷрои вазифа

Мавсуф қайд кард, ки дар беморхонаҳои шаҳр 622 амалиёти хатна гузаронида шудааст, ки аз он аз 0 то 20 рӯза 4 нафар, аз 20 то 6 моҳа 50 нафар, аз 6 моҳа то 3 сола 304 нафар ва аз 3 сола боло 264 нафар мебошанд.

Дар озмоишгоҳҳои беморхонаҳо ба 151689 нафар шаҳрвандон таҳлилҳо нисбати 147112 нафари соли 2022 гузаронида шудааст. Аз ин шумора дарёфт шудааст, 15 нафар оташак, ки ҳамаи онҳо бо табобат фаро гирифта шуданд. Дар шуъбаҳои табобати физиотерапевтӣ бошад 5136 нафар, нисбати 6549 нафар беморон, 40112 адад тазриқ, нисбати 41045 тазриқи соли 2022 гирифтаанд.

Ба нуқтаи шикастабандӣ дар ин давра 4895 нафар шаҳрвандон (2538 нафар кӯдакон) нисбати 4611 нафар (2049 нафар кӯдакон) муроҷиат намуданд. Аз он ҷумла, бо садамаи кӯчагӣ 315 нафар нисбати 391 нафар, садамаи маишӣ 4021 нафар нисбати 3629 нафар ва садамаи нақлиётӣ 153 нафар, нисбати 173 нафари соли 2022 мебошад. Дар ҳуҷраи нигоҳдории хун 581340мл (2652 воя) хунгузаронӣ шудааст, нисбати 547550мл (2410 воя) дар соли 2022. Аз он ҷумла, вазни эритроситҳо 301070мл (1207 воя) нисбати 317420мл (1207воя), плазмаи хун 280090мл (1414 воя) нисбати 246390мл (1314 воя) бо талабот ба шуъбаҳо тақсим карда шуданд. Аз паҷӯишгоҳи муайянкунии гурӯҳи хун 1553 нафар нисбати 636 нафар беморони амбулаторӣ ва беморони статсионарӣ гузаштанд. Дар ҳуҷраи ташхиси ренгенӣ 9128 нафар (12546 ренгенограмма), нисбати 6482 (10420 ренгенограмма) беморон аз ташхис гузаштанд. Дар шуъбаҳои ташхис 13967 нафар беморон аз ташхис гузаштанд, аз он ҷумла аз ТУС – 8982 нафар, ЭКГ – 3811 нафар, ЭЭГ – 904 нафар, ЭГДС – 270 нафар.

-Шумораи ҷарроҳиҳо бо технологияи нав- миниинвазивӣ 97 адад, ки ин 3,02% – ро ташкил менамояд. Ҷарроҳиҳои мазкур дар шуъбаи ҷарроҳии ҚТС ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷикистон” гузаронида шуданд.

Ҷарроҳиҳо дарди гурда – 102 адад, ки ҳамаи онҳо бо усули маъмулӣ гузаронида шуданд.

Шумораи бемориҳои ВНМО – 380 нафар, дар умум, дар ин давраи ҳисобот 24 нафар ба қайд гирифта шудааст,-илова кард номбурда.

Дар анҷоми суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ пешниҳод менамоем:

– муоинаи ҳатмии ҳамаи занони ҳомила дар мӯҳлати аз 12 то 22 ҳафтаи ҳомиладорӣ дар УС оиди саривақт дарёфти кӯдакони нуқсонҳои модарзодӣ дошта.

– пешгирии ҳомиладории номатлуб бо истифода аз маводҳои ҳозиразамон ва бурдани корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ.

– пурзӯр намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ – махсусан бемории коронавирус, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва СПИД бо роҳи ташкили Барномаҳо дар ТВ «Регар», радиоҳо ва ҳафтаномаҳои маҳаллӣ.

– беҳтар намудани сатҳи ташхис ҳам дар сатҳи дармонгоҳ ва ҳам дар сатҳи статсионарҳо бо истифода аз таҷҳизоти тиббии муосир.

– беҳтар намудани сатҳи табобат дар беморхонаҳо бо таъмин намудани беморон бо маводҳои дорувории сифатноки сертификат дошта.

Ва ҳамзамон, мо-табибон мекӯшем, ки сатҳи хидматрасонӣ ба аҳолӣ бамаротиб боло барем. Албатта, савияи дониши касбии худро ҳамарӯза боло бурда истодаем ва хоҳем бурд, зеро илми тиб дарёи бекаронро мемонад, бояд табиб ҳамарӯза аз илмҳои замони муосир омӯзиш кунад, ки хушбахтона дар беморхонаи мо табибон аз рӯи ихтисоси худ ҳамеша омӯзиш мекунанд ва тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат содиқонаву бо дасту дили пок баҳри миллату давлати худ хидмат карда истодаанд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь