Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти ташкилоту муассисаҳои тиббии вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода Муҳиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад ва тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Мо кормандони соҳаи тиб ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, барои дар сатҳи баланд ба мардум хидмат кардан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳем кард.

Чорабиниҳои табобатию профилактикӣ

Дар идома мавсуф тазаккур дод, ки айни замон дар вилоят 939 муассисаҳои тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаҳои госпиталӣ, 803 сохтори КАТС ва 288 хусусӣ мавҷуд буда, аз онҳо 145 ҷамъиятҳои дорои масъулиташон маҳдуд бо 59 намояндагӣ ва 84 соҳибкорони инфиродӣ фаъолият менамоянд.

Дар вилоят ҳамагӣ 15 589 катҳои бистарикунонӣ мавҷуданд, аз он ҷумла, 13 978 кат дар муассисаҳои давлатӣ ва 1611 кат дар муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки катҳои ҷарроҳӣ 2447 адад, терапевтӣ 4413 адад, акушерӣ 2481 адад, педиатрӣ 1414 адад, сироятӣ 1137 адад ва дигар навъҳояш бошад 3697 ададро ташкил медиҳанд.

Муроҷиати дармонгоҳӣ

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии вилоят 2 282 704 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 86 157 муроҷиат зиёд гаштааст.

Дар сохтори бистаринамоӣ дар соли равон 85 537  беморон бистарӣ гаштаанд. Дар сохтори бистаринамоӣ дар ин давра 11 288 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ

Дар хусуси сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ мавсуф сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда дар семоҳаи якуми соли 2024 аз ҳисоби буҷети вилоят барои соҳаи тандуpустӣ 160,3 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 158,9 млн. сомонӣ ҷудо гаpдидааст, ки иҷpои буҷет 99,1%-pо ташкил дод.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар сатҳи вилоят ҳамагӣ 97 муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси қарори мазкур фаъолият мебаранд ва мувофиқи Шаҳодатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботи ба 3 шуъбаи табобатӣ, ки ҳамагӣ ба 205 шуъбаҳои табобатӣ барои фаъолият ба таври пардохт ва ҳампардохт иҷозат дода шуда, дар ин самт фаъолият карда истодаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 нақшаи маблағҳои махсуси муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок 22,1 млн. сомонӣ буда, воридоти он 22,6 млн. сомонӣ аст, ки 103,0%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшуда асосан барои музди меҳнати иловагии кормандони тиб, беҳтар намудани базаи моддию техникӣ ва хариди дорувориҳо равона карда шудааст.

Дастгирии эҳтиёҷмандон

Номбурда изҳор дошт, ки бо қарори раиси вилоят №06 аз 08.01.2024 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмин намудани муассисаҳои табобатии вилоят бо хуни бехатари донорӣ» дар 3 моҳ 33000 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.

Қарори раиси вилоят №07 аз 08.01.2024 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи расонидани кӯмаки антенаталӣ ба занҳои ҳомила» дар 3 моҳ 10000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Қарори раиси вилоят № 08 аз 07.01.2024 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмин намудани кӯдакони то 3 сола ва маюбони модарзод бо дорувориҳо» дар 3 моҳ- 15000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Қарори раиси вилоят №09 аз 08.01.2024 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмин намудани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» дар 3 моҳ – 15000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, дар сметаи хароҷотии Раёсати тандурустии вилоят барои соли 2024 ҷиҳати ройгон дастрас кардани криопресипитат барои 150 нафар беморони гемофилия ва виллебранд 200 ҳазор сомонӣ ва барои 93 беморони музмини гурда бо норасогии фаъолияти кори гурдаҳо 2,0 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Таъминот бо таҷҳизот

Мавсуф инчунин зикр кард, ки дар ин давра аз ҳамаи сарчашмаҳо 126 адад таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ ба маблағи 4,4 млн. сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шудаанд (дар семоҳаи соли 2023 – 47 адад ба маблағи 2,3 млн.сомонӣ). Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 67,9 ҳазор сомонӣ (дар соли 2023 – 59,1 млн.сомонӣ), аз ҳисоби маблағҳои МИҲД ба маблағи 1,3 млн.сомонӣ (соли 2023 – 280,6 ҳазор сомонӣ), аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 30,0 ҳазор сомонӣ (соли 2023 – 1,7 млн. сомонӣ), аз суратҳисоби махсус 27,3 ҳазор сомониро (соли 2023 – 58,6 ҳазор сомонӣ) ташкил дод.

Сохтмон ва таъмири иншоотҳои тандурустӣ

-Дар соли 2024 таъмир ва сохтмони 132 адад муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла таъмири 105 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, сохтмони 27 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонро ташкил медиҳад.

Дар ин давра сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Ашт, маҳаллаи Ҷавонон дар ноҳияи Ашт ва таъмири Маркази саломатии деҳоти Д. Холматов-и ҷамоати деҳоти Д. Холматов, Маркази саломатии деҳоти Бахт-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ба анҷом расонида шуда, дар дигар иншооти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмону таъмир идома дорад, – афзуд номбурда.

Инчунин, дар шаҳри Истаравшан 2 маркази саломатии деҳотӣ ва маркази тиббии хусусии “Клиника 1+1” дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.

Дастгириҳои Пешвои миллат

Бояд тазаккур дод, ки 10-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд. Дар ошёнаи якуми бинои иловагии маркази саломатӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои хатна, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, узвҳои дарунӣ ва шуъбаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои сабти барқии дил, табибони асабшинос, тарбодшинос, ғадудшинос, гӯшу гулӯ ва бинӣ, чашм ва саратоншинос, дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва дар таҳхонаи бино бошад, шуъбаи физиотерапевтӣ – барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои маҳси бадан, сӯзандармонӣ, табобати барқӣ ва толори варзишӣ ҷойгир шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар бинои навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки бо истифода аз он табибону мутахассисони соҳа фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд. Ҳоло дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан 120 корманд, аз ҷумла 14 табиби оилавӣ, 21 ҳамшираи тибби оилавӣ, 20 ҳамшираи тиб ва 27 нафар мутахассисони соҳавӣ фаъолият намуда, дар минтақаи фарогир ба 32 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки бинои асосии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан ҳанӯз солҳои 1970 сохта шудааст. Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва норасоии ҳуҷраҳои кории табибони оилавӣ ва соҳавӣ зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2019 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо риояи талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як бинои замонавии соҳаи тандурустиро тӯҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан арзёбӣ намуда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири хизматрасонии тиббию санитарӣ ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал гузоранд. Муассисаи давлатии “Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”-и шаҳри Истаравшан дорои ду маркази саломатии шаҳрӣ ва 19 маркази саломатии деҳот бо 28 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ мебошад, ки дар умум, ба 299 ҳазору 400 нафар аҳолӣ хизматрасониҳои тиббиро ба роҳ мондааст.

11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ – андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад. Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог – андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад. Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст. Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд. Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид карда шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд. Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳаммияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати соҳаи тиб моро водор мекунад, ки нисбати пешрафти соҳаи тиб беш аз пеш талош кунем ва албатта, кормандони тиб талош доранд, ки тамоми донишу саводи худро баҳри пешрафти тиб равон созанд ва натиҷаҳои соҳаи тиб ҳам гувоҳӣ медиҳанд, ки кормандони соҳаи тибби вилоят бо дилу нияти пок баҳри мардум хидматрасонӣ карда истодаанд. Дар оянда низ мекӯшем мақоми соҳаи тибро баландтар бардорем ва дар ин росто, мутахассисони ҷавонро низ раҳнамоиву дастгирӣ намоем, то барои пешрафти соҳаи тиб саҳмгузор бошанд.

Мафтуна ВАҲОБОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь