Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро, гар тавонӣ, дил ба даст ор.

Саъдӣ

Ба кадом хонае ман даромадам, ба он ҷо ман барои фоидаи бемор медароям.

Гиппократ

Тиб – ин муҳаббат аст, набошад он ҳеҷ арзише надорад. Муҳаббат бошад ба воситаи табиб ба бемор дар вақти табобат ва муносибат эҳсос гашта, дода мешавад. Табиби ҳақиқиро охир беҳуда Гиппократи бузург ба файласуф баробар накардааст ва ишора кардааст: Табиб – файласуф; охир фарқияти калон байни хирад ва тиб нест.

Кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ суханони бузургони олами тибро сармашқи кори худ намуда, доимо талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия доимо таъмин бошад. Онҳо ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ноҳия ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонанд. Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд.

Иброимзода Сарахон, сартабиби БМН Восеъ мегӯяд, Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ 10 – шӯъбаи бистаринамоӣ дошта, дорои 197 – кат, 7 – ҳуҷраи ёрирасон, 2 – шӯъба (қабул ва таҳлилгоҳ) мебошад. Дар беморхонаи марказӣ 51 духтури маълумоти олидор, ки бо дараҷаи олӣ – 19 нафари он, дараҷаи якум 5 нафараш ва дараҷаи дуюм бошад 12 нафар фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ ҳамагӣ дорои 389.25 воҳиди корӣ мебошад, ки аз он 67.25  – воҳиди корӣ духтурон, 154.0  – воҳиди корӣ кормандони миёнаи тиббӣ, 107.0 – воҳиди корӣ кормандони хурди тиббӣ ва 61.0  – воҳиди корӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст. Дар 2 моҳаи соли 2023-юм 1073 нафар бемор бистарӣ шуда, 996 нафари он саломатии худро барқарор гардонидаанд, ки ин 66,2 %  – нақшаи иҷроиши кат – рӯзҳо буда, 3 – фавт ба қайд гирифта шудааст.

Ҳоло дар беморхонаи марказӣ барои ба аҳолӣ хизмати ҷарроҳӣ расонидан 5 – шӯъбаи  махсусгардонидашудаи иборат аз 120 кат ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла: 30 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон 10 кат дар шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона, 20 кат дар шӯъбаи шикастабандӣ фаъолият мекунад. Инчунин, 30 кат дар шӯъбаи таваллудхона, 20 кат дар шӯъбаи урология ба мурдум хизмат мекунанд. Дар 2-моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаи марказӣ хатнаи 12 нафар кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Шумораи ҷарроҳиҳо бошанд дар ду моҳ дар беморхона ҳамагӣ 298 адад мебошанд, ки  195 адади он таъҷилӣ ва 103 адади он нақшавӣ буда, 52 адади ин амалиёти ҷарроҳиҳо дар шӯъбаи таваллудхонаи беморхона гузаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия беморхонаҳои минтақавии рақамии 1,2,3,4,5 фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 25 нафар духтурон, 148 нафар кормандони миёнаи тиб паи табобати мардуми ноҳия мебошанд. Беморхонаи рақами 1 воҳидҳои корӣ 48,25 буда, дорои 15 кат,  4 табиб, 24 нафар кормандони миёнаи тиб, 15 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ, 13 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 56 нафарро ташкил мекунад. Беморхонаи рақами 2 воҳидҳои корӣ 47,5 буда, дорои 15 кат,  1 табиб, 19 нафар кормандони миёнаи тиб, 14 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва 12 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 46 нафарро ташкил мекунад. Беморхонаи рақами 3 воҳидҳои корӣ 121 буда, дорои 40 кат, 8 табиб, 63 нафар кормандони миёнаи тиб, 27 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ ва  37 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 135 нафарро ташкил мекунад. Беморхонаи рақами 4 воҳидҳои корӣ 42 буда, дорои 15 кат, 1 табиб, 17 нафар кормандони миёнаи тиб, 16 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ, 20 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 54 нафарро ташкил мекунад. Беморхонаи рақами 5 воҳидҳои корӣ 48,5 буда, дорои 20 кат, 11  табиб, 25 нафар кормандони миёнаи тиб, 23 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ, 14 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 73 нафарро ташкил мекунад. Беморхонаҳои рақамии ноҳия воҳидҳои корӣ 307,25 буда, дорои 105 кат, 25 табиб, 148 нафар кормандони миёнаи тиб, 95 нафар кормандони хоҷагӣ ва техникӣ,  96 нафар дигар шуғлҳо. Шумораи ҳамагии кормандон бошанд 364 нафарро ташкил мекунад.

Беморхонаҳои рақамӣ 105- кат, 32,7  % – иҷроиши нақша 354 – нафар саломатии беморро барқарор гардонидаанд. Беморхонаи Байниноҳиявии бемориҳои сил дар 2 моҳаи соли 2023 ду духтури маълумоти олидор, ки бо дараҷаи олӣ – 1 нафари он, дараҷаи якум 1 нафараш фаъолият доранд. Беморхонаи номбурда дорои 60 – кат, 16- бемори ҷавобшуда, ки 15,9 % – иҷроиши кат рӯзро таъмин мекунад. Маркази бемориҳои пӯст ва зуҳуравӣ бошад 4 табиб дорад ва бо дараҷаи олӣ -1 нафари он ва дараҷаи дуюм бошад 3 нафараш фаъолият доранд. Беморхона, ки дорои 9 кат аст дар 2 моҳаи соли 2023. 24 – бемори ҷавобшуда дорад, ки ин 85,8  % – иҷроиши кат рӯзро ташкил мекунад.

– Бибиниссо Раҳимова – акушер-гениколог, Миҷгонаи Файзиддинзода – акушер-гениколог, Икром Имомов – духтур эҳёгар, муовини сардухтур оиди табобат, Воҳидшо Дӯстов – табиби ҷарроҳи кӯдакона, Қаюм Алматов – табиби ҳамрози даруна, Бобохон Шарипов – табиби бемориҳои дил, Фатҳиддин Шарипов – табиби кӯдакона, Суҳайлӣ Афғонов – табиби бемориҳои дилу асаб, Файзалӣ Раҷабов – табиби шикастабанд, Довуд Пирбоев – табиби уролог, Санавбар Давлатова – сартабиби беморхонаи рақами 4, ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов, табиби ҳамрози даруна,  Сайфулло Розиқов – сартабиби беморхонаи рақами 3, табиби кӯдакона, Шариф Сафаров – сартабиби беморхонаи рақами 2, деҳаи Кадучӣ, табиби ҳамрози даруна, Сафарзода Ҳабиб – сартабиби беморхонаи рақами 5, деҳаи Охҷар, табиби ҷарроҳи кӯдакона, Нуриддин Бобиев – сартабиби беморхонаи рақами 1, деҳаи Зардолубоғ, табиби кӯдакона, Хайрулло Амиров – сармуҳосиби БМН, Шуҳрат Алиев – сарпарастори калони БМН. Маҳбуба Бековна – акушер-гениколог, Абдулло Назаралиев – табиби ҳамрози даруна, Одинашо Қурбонов – табиби шикасатабанд, Аламшо Қурбонов, табиби уролог, Абдумалик Қаюмов, духтури ҷарроҳ, муовини сартабиб, Тағаймурод Азизов муовини сартабиб оиди ба модару кӯдак, Қаҳҳор Раҷабов аз ҷумлаи табибон ва кормандоне ҳастанд, ки солҳои тулонӣ дар ин соҳа кор карда, дар ноҳия дар байни мардум соҳиби ҳурмату эҳтироми махсус мебошанд. – иброз медорад, Иброимзода Сарахон.

Билоли ШАМС,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь