Сухан чун аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Андешаи ман сӯйи фаъолияти кории табибоне меравад, ки аз сӯзу созашон олам мунаввару дунё гулбасар мегардад. Онҳо рисолати худро бо тамоми ҳастияшон иҷро мекунанд. Сухан дар бораи нафароне меравад, ки собиқаи чандсолаи корӣ дошта, ҳабиби мардуманд ва дасти шафқатбори эшон шабу рӯз баҳри даромонбахшии дардмандон банд аст. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем, табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошанд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шабу рӯз омодаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «саломатии мардум боигарии давлат аст». Бо ҳамин маром, кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия доимо таъмин бошад.

Беморхонаи марказии ноҳия аз 9 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар ин давра дар ҳама шуъбаҳо ҳамагӣ 5794 нафар бистарӣ шудаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳия ба ҷуз беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамии деҳотӣ муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла 1 маркази саломатии ноҳия, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 23 бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ, ки дар маҷмуъ 56 муассисаҳои соҳаи тандурустиро ташкил мекунанд, дар хизмати мардуми ноҳия мебошанд.

Дар ноҳия дар баробари муассисаҳои давлатӣ, ки шумораашон ба 56 адад баробар аст, 20 дорухонаи хусусӣ, 3 маркази стоматологӣ ва 2 ҳуҷраи хусусии фавқуъсадо низ фаъолият доранд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз шумораи умумии кормандон ба ҳисоби фоиз 75 фоизашонро занону духтарон ташкил мекунанд ва ин омор сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Ин маънои онро дорад, ки мақоми зан ба дараҷаи олӣ дар ин соҳа нақши асосӣ дорад. Аз шумораи умумии кормандони беморхонаи марказии ноҳия 60 фоизашонро ҷавонон ташкил мекунанд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 162 нафар табибон, аз ин шумора 57 нафар бо категорияи олӣ ва 963 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии табибон 51 нафар дар беморхонаи марказӣ ва 8 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ (қитъавӣ), 82 нафар дар муассисаҳои КАТС, 3 нафар дар диспансери беморхонаи сил фаъолият карда истодаанд.

Кормандони беморхонаи марказӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ба аҳолии ноҳия ба маблағи 4 409205 сомонӣ хизмати тиббӣ расонидаанд. Аз ҳисоби маблағҳои «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки таббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» дар 9 моҳи соли ҷорӣ 271884 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 74,9 % иҷроиши нақшаи пенбинишударо дар бар мегирад. Дар ин давра 5116 нафар ба табобати статсионарӣ фаро гирифта шудаанд, ки иҷроиши нақшаи кат\рӯз 33,4 %-ро ташкил медиҳад. Таваллуд дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 3056 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар таваллудхона 3012 (99 %) нафар ва таваллуди хонагӣ 44 (1 %) нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи номгӯи 1-ум 1645 нафар бемор бо маблағи 408706 сомонӣ ва тибқи номгӯи 2-юм 356 нафар бемор бо маблағи 77 135 сомонӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд. Имтиёзи ройгони таваллудӣ 2902 нафар зан бо маблағи 479 352 сомонӣ аст. Камбизоатҳо бошанд, 803 нафар муроҷиат карда, маблағи миёнаи ҳампардохт 232 870 сомониро ташкил медиҳад, ки ба онҳо бо пешниҳоди маълумотномаи камбизоатӣ аз мақомоти ҳифзи иҷтимоии ноҳия ройгон хизмати тиббӣ расонида шудааст.

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Ҳасанҷон Розиқов мегӯяд, ки бобати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол таъмири МСН аз тарафи соҳибкорон идома дорад. То имрӯз дару тирезаҳо ва болопӯши бино аз нав иваз карда шуда, дар ҳуҷраҳои корӣ бошад, таъмир рафта истодааст. МСД Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Таги намак оғоз гардидааст. Сохтмони Маркази саломатии деҳоти деҳаи Пушкин дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланде рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Дар муассисаҳои бахши бистарикунонӣ бошад, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Бо дастгирии соҳибкорон бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардонӣ қарор дода шуд. Ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба таъмир фаро гирифта шудааст. Дар беморхонаи марказӣ сохтмони бинои конфронсзал идома дорад. Аз тарафи ҶДММ «Беҳдоштӣ» дар беморхонаи марказии ноҳия озмоишгоҳ бо таҷҳизоти нав кушода шуда, мавриди истифодаи муштариён қарор дода шуд. Дар беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Турдиев аз ҷониби соҳибкорон таъмири асосӣ оғоз гардидааст. Дар саҳни беморхонаи марказии ноҳия сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои кӯдакона барои 50 кат аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оғоз гардидааст.

Оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Беморхонаи марказии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро дар муассисаҳо ҷоннок менамоянд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, фаъолият аз рӯи нақшаи мазкур ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Амирхон Маҳсиддинов – табиби ҷарроҳ, Солеҳҷон Муминов – табиби ҷарроҳ, Ҳабибулло Ҷалилов – табиби ҷарроҳи кӯдакона, Вайсиддин Мирзоев – табиби ҷарроҳ (муовини сартабиб), Саида Халифаева – табиб акушер-гинеколог, Саодат Маҳмадалиева – табиб акушер-гинеколог, Бароталӣ Амиралиев – табиби асабшинос, Хушмурод Мирзомуродов – табиби амрози даруна, Афзалшо Фаридов – табиби сироятшинос, Саъдулло Туманов – табиби бемориҳои қалб, Мирзоалӣ Ҳакимов – табиби кӯдакона, Сайфура Бухориева – ҳамшираи калони беморхонаи марказӣ устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд.

Билоли ШАМС, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь