Муассисаи давлатии “Маркази миллии тибии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шифобахш”, ки пештар расман Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии рақами 3 ба номи А. М. Дяков буд ва миёни аҳолӣ ҳамчун “Қарияи боло” ёд мешавад, ҳудуди 60 соли охир дар хизмати аҳолии мамлакат қарор дорад. Хушбахтона, сол то сол сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи давлатии мазкур беҳтар гардида, бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ, табибони ҳозиқи ин даргоҳ баҳри солимии аҳолӣ ҳамеша талош мекунанд.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон-Шифобахш” Хизматулло Шамсзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, аз фаъолияти муассиса давоми 9 моҳи соли равон матлаб омода кардааст, ки фишӯрдаи он пешкаши хонандагон гардонда мешавад.

Ҳайати кормандон

Директори муассисаи мазкур Хизматулло Шамсзода дар оғози суҳбат мардуми шарифи кишварро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти Маркази миллии тиббии “Шифобахш” бо эҳтиром ба Қонуни забони давлатӣ ва татбиқи он дар ҳудуди муассиса ба роҳ мондааст.

-Дар нуҳ моҳи соли равон Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон-Шифобахш” ба як қатор дастовардҳо ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Пеш аз ҳама ҷо ба ҷошавии мутахассисон, кормандони миёнаи тиб, баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, гузаронидани ҷарроҳиҳо бо технологияи муосир, таъмири шуъбаҳо, ободу кабудизор ва гулкорӣ намудани ҳудуди марказро қайд намудан ба маврид аст. Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-“Шифобахш” феълан 2889 корманд фаъолият менамояд, ки аз ин 1889 нафарро (65,39%) занҳо ташкил медиҳанд. Ҳайати  кормандон аз 746 (25,82%) мутахассиси дорои маълумоти олӣ, 1338 (46,31%) корманди миёнаи тиб, 592 (20,49%) корманди хурди тиб, 55 (1,87%) маъмурият ва 156 (5,46%)  нафар дигар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот иборат мебошад. Дар ин муддат ҳамагӣ 140 корманд, аз ҷумла мутахассисони дорои маълумоти дараҷаӣ 30, корманди миёнаи тиб – 81, фаррош -23 ва дигар вазифаҳо – 6 нафар ба кор қабул карда шудааст. Таҳлил нишон дод, ки аз 746 мутахассиси маълумоти олидошта, табибони ҷавон 339 (43,7%) нафарро ташкил медиҳанд. Мутахассисони ҷавон онҳое ба ҳисоб мераванд, ки собиқаи кориашон дар ин касб ё вазифа 7 сол бошад. Дар панҷ соли охир, аз рӯи нақша, 313 мутахассиси дорои маълумоти олӣ бояд аз такмили ихтисос мегузашт. Айни ҳол 286 табиб аз такмили ихтисос гузаштаанд,-иброз дошт Шамсзода Х.

Ба гуфтаи роҳбари муассисаи мазкур, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи дониши мутахассисони дорои маълумоти олӣ, бо пешниҳоди роҳбарият, дар нуҳ моҳи соли равон бо иштироки табибон, мудирони шуъбаҳо ва кормандони кафедраҳои марбут ба масъалаҳои актуалии имрӯза 27 семинар гузаронида шудааст. Семинарҳо бо муҳокимаи васеъи иштирокчиён баргузор карда шудаанд, ки дар рафти он мутахассисон, бахусус ҷавонон донишу малакаи худро сайқал додаанд. Гуфта шуд, дар давраи ҳисоботӣ 128 мутахассиси Беморхонаи “ Шифобахш” аз такмили ихтисос гузаштаанд, ки 91 нафар дар ҳудуди кишвар ва берун аз қаламрави Тоҷикистон (Русия, ҷумҳурии исломии Эрон, Ӯзбекистон ва ғайра) 37 нафар донишу малакаи худро баланд бардоштаанд.

-Айни ҳол бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино 167 нафар мутахассисони ҷавон интернатураи клиникиро дар шуъбаҳои марказ, таҳти роҳбарии мудирони шуъбаҳо, гузашта истодаанд. Феълан дар марказ 5 доктори илмҳои тиб, 46 номзади илмҳои тиб, 2 дорандаи ордени “Шараф”, 5 дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 1 дорандаи медали “Шафқат”ва 147 дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустӣ”фаъолият менамоянд. Ҳамасола мутахассисони МД ММТ ҶТ “Шифобахш” дар кори назорати муоинаҳои тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбии муттаҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва дар комиссияи сайёри назорати тиббии даъватии ҷуҳуриявӣ дар минтақаи Рашт фаъолона иштирок мекунанд. Дар даъвати баҳории соли 2023- 27 мутахассиси мо дар комиссияҳои аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкилшуда, ба фаъолияти худ шуруъ карданд,-гуфт Шамсзода Х.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон, дар марказ бо фармоиши директор ҷиҳати назорати иҷроиши фармоишҳои мақомотҳои болоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодабарии протоколҳои клиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон, маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии полипрагмазия, дуруст ба роҳ мондани тартиби пур кардани таърихҳои беморӣ комиссияҳои доимоамалкунанда фаъолият карда истодааст, ки натиҷаи санҷишҳо дар маҷлисҳои назоратии назди директори марказ дар давоми сол мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

“Шифобахш”-пойгоҳи клиникии муассисаҳои таълимии тиббӣ

-Давоми соли равон дар марказ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати      ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо дастгирии худи мудирони шуъбаҳо ва мутахассисони марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ баҳри ободонии марказ як қатор корҳои таъмирию сохтмонӣ рафта истодаанд, ки қисме анҷом ёфта, корҳои дигар идома дорад. “Шифобахш” ҳамчун пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуда, на танҳо дар бахши ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо, балки дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо дар самти таҳияи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид низ корҳои муайяне ба анҷом расонида истодааст. Дар шуъбаи нефрология ва гемодиализ таъмири капиталии толори гемодиализ ва плазмофаррез рафта истодааст. Дар ин марказ даҳ адад дастгоҳи гемодиализ ва плазмофаррез ба беморони музмини гурдаҳо хизмат мерасонанд, ки аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад,-қайд намуд дар фарҷоми суҳбат директори МД ММТ “Шифобахш” Шамсзода Хизматулло.

Мувофиқи маълумотҳо, дар нуҳ моҳи соли 2023 дар марказ 28 923 бемор бистарӣ гардидааст, ки аз ин 18 964 бемор аз рӯи ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда ба маблағи 11 миллиону 529 ҳазору 925 сомонӣ пардохт намуда, 5161 бемор дар шуъбаҳое, ки тибки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият намекунанд, бистарӣ гардида, ба ҳисоби миёна ба маблағи 2 миллиону 580 хазору 500 сомонӣ хизмати тиббии ройгон расонида шудааст. Боқимонда 4 798 нафар шаҳрвандони категорияҳои эҳтиёҷманд ба ҳисоб рафта, ба ҳисоби миёна ба маблағи 1 миллиону 810 ҳазору 62 сомонӣ бепул хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст. Аз бистаришудагон шаҳриён -10 419 (36,0%) ва деҳотиён-18504 (64,0%) нафарро ташкил мекунанд. Аз бистаришудагон 19 иштирокчии ҷанги Афғонистон, 9 хизматчии Чернобил, 79 маъюби гуруҳи якум, 561 маъюби гуруҳи дуюм, маъюбони то синни 18 сола-28 нафар, 34 кас бо мактуби вазорат, аз 80-сола боло 243 нафар, камбизоат-394 нафар, ятими кул-1 нафар ва 30 шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь