Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣҷтимоии Тоҷикистон» нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии зодаи даврони Истиқлолият буда, соли 2020 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмаки тиббӣ-психологӣ ва иҷтимоӣ ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ мегарданд, таъсис дода шуда, ҳамчун муассисаи олии таълимии касбии ғайридавлатӣ сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар расонидани кӯмаки тиббиву психологӣ ва иҷтимоӣ ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касби мазкур шароит фароҳам меоварад.

Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз 1 бинои наву хуштарҳи замонавӣ (7-ошёна) бо тамоми шароитҳои мусоиди таълимӣ бо дарбаргирии лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизотҳои тиббӣ дар зарфи 4 сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағи таълимгоҳ сохта шудааст. Масоҳати умумии донишкада тибқи нишондодҳои шиносномаи он 10 397 м²-ро ташкил дода, аз ин миқдор 8595 м² масоҳати таълимӣ, маҷлисгоҳ 400 м² барои 400 ҷойи нишаст, толори варзишӣ 701 м², ошхона 701 м² барои 300 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ 120 ҳуҷраҳои таълимӣ мавҷуд мебошанд.

Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 22 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 13 кафедраҳои тахассусӣ: микробиология ва вирусология, гистология, фармакология, анатомияи патологӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои кӯдакона, бемории дарунӣ, ҷарроҳии умумӣ, психологияи тиббӣ, тибби оилавӣ ва беҳдошт ва экология мебошанд.

Кабинет ва озмоишгоҳҳои донишкада (75 адад дар бинои асосӣ ва зиёда аз 50 адад дар клиникаи донишкада) тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда бо аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Кабинет ва синфхонаҳои таълимии донишкада бо 18 адад тахтаи электронӣ, 24 адад проектор, 217 адад компютер, 4 синфхонаҳои имтиҳонӣ бо 70 адад компютер, инчунин китобхонаи электронӣ бо 30 адад компютерҳо таъмин мебошад, ки ҳамаи онҳо бо хати интернет пайваст карда шудаанд. Ин теъдод нишон медиҳад, ки назар ба соли гузашта 5 адад тахтаи электронӣ, 5 адад проектор, 77 адад компютер зиёд мебошад.

 Фаъолияти нуқтаи тиббӣ

Дар назди донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ сохта шуда, дар он шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона, шуъбаи терапевтӣ, шуъбаи бемориҳои дил ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй иборат аз 150 кат барои қабули беморон ташкил карда шуда, донишҷӯён дар як вақт донишҳои назариявии азбарнамудаашонро дар шуъбаҳои мазкур бо роҳнамоии табибон амалӣ менамоянд, ки чунин шакли таълим барои омода намудани табибони дорои маҳорату малака ва салоҳиятҳои хуби касбӣ мусоидат менамояд.

 Базаи кадрӣ

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишкада 104 нафар буда, аз ин теъдоди омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта 37 (35,6%) нафарро ташкил медиҳад. Дар соли ҷорӣ 4 ассисентони кафедра рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд.

Ҳамзамон, аз теъдоди кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта 10 нафар докторони илм буда, аз ин теъдод 9 нафар докторони илми тиб (аз ин 4 нафар профессор), як нафар узви вобастаи АМИТ ва 1 нафар доктори илмҳои биологӣ ва 25 нафар номзадҳои илм, аз ин теъдод 11 нафар номзадҳои илми тиб (2 нафар дотсент) мебошанд. Дар донишкада 33 нафар омӯзгорони ҷавон фаъолият доранд, аз ин теъдод 4 (12,1%) нафари онҳо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ташкил медиҳад.

Теъдоди умумии занҳои дар донишкада фаъолияткунанда 56 нафар буда, аз ин теъдод 14 (13,2%) нафарашон кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Аз ҳисоби кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмидошта 5 нафарашон кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд.

 Самти таҷрибаомӯзӣ

Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ донишкада бо 39 муассисаҳои тиббӣ ва профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки бо 3-тои он дар соли ҷорӣ шартнома баста шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 2199 нафар ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шуданд. Аз ин 496 нафар донишҷӯён ба таҷрибаомӯи парасторӣ (санитарӣ), 463 нафар донишҷӯёни коллеҷ ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва 1236 нафар донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ сафарбар карда шуданд. Дар моҳи декабри соли ҷорӣ 355 нафар донишҷӯёни ихтисоси Кори табобатӣ ба таҷрибаомӯзии санитарӣ сафарбар карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар “Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ”-и назди донишкада қисми зиёди донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд.

 Ҳамкории байналмилалӣ

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Академияи тиббӣ-техникии Русия, Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд, Маркази илмии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи тиббии Xinjiang-и Ҷумҳурии мардумии Чин, Мактаби илмҳои экологӣ ва биологии Рутгерси Донишгоҳи НюҶерси штати НюҶерси ИМА, Донишкадаи таҳқиқотии тиббӣ-экологии Сибири Шарқӣ (ш.Ангарски Россия), Донишгоҳи давлатии тиббии Фарғона, Донишкадаи тиббии нигоҳдории ҷамъиятии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи давлатии тиббии Ижевски Ҷумҳурии Россия, Донишкадаи давлатии Бухоро ба номи А.Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва, Ассосиатсияи Авруосиёии тиббӣ, технологӣ ва экологии Ҷумҳурии Россия, Донишкадаи илмҳои табиатшиносӣ ва технологияи варзишии шаҳри Москваи Россия, Донишгоҳи давлатии педиатрии Москва, Донишгоҳи MAНSА, Донишгоҳи шаҳри Малайзия, Беморхонаи байналмилалии KIM (Ҷумҳурии Ҳиндустон) ҳамкории дуҷонибаро дар самти таҳсилот, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва дигар самтҳои соҳаи тиб ба роҳ мондааст. Инчунин, дар донишкада аз 7 давлати хориҷӣ донишҷӯён таҳсил менамоянд, аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Покистон, Малайзия, Нигерия, Бангладеш, Ӯзбекистон ва Афғонистон.

Мафтуна ВАҲОБОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь