Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Айнӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.
Зимни суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ Раҳматбой Мустафоев иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи дурдасти куҳистони Айнӣ корҳои ободиву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳияи Айнӣ суханони роҳбари давлат – “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори худ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.
Ба қавли сартабиби ноҳия, агар дар соли 2015-ум 1 адад дастгоҳи рентгении “Арман”, 1 адад элетроотсос , 16 адад кат барои беморон, 1 адад дастгоҳи ИВЛ-Фаза , 1 адад ЭКГ аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд ворид шуда бошад, пас дар соли 2016 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия азнавсозии бинои бемориҳои шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳия, таъмири ҳуҷраҳои рентгении беморхонаи минтақавии деҳаи Урметан ба анҷом расида, он бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки фаъолони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин, дар ин арафа барои шуъбаи бемориҳои сироятии БМН 20 кат, 5 адад мизи яктунбадор, 10 адад курсӣ, 5 адад ҷевон барои либос, 5 адад ҷевон барои доруворӣ, 1 адад яхдон бо маблағи 26800 сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид. Дар ин росто дар Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон-1 таҷҳизоти “Биохиманализатор”, “Гемоанализатор” мавҷуд мебошад.
Инчунин, барои пешрафти кори кормандони соҳаи тиб ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соли равон 1 адад Микроскопи бинокулярӣ, 1 адад Стерелизатор, 1 адад Дефибилятор аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба маблағи 23500 сомонӣ дастрас карда шуд. Барои таъмири як адад автомашинаи ёрии таъҷилии Беморхонаи деҳаи Рарз маблағ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҷудо шуд, ки он аз таъмири асосӣ баромад.
Қобили тазаккур аст, ки дар соли 2016 Хонаи саломатии Марғзор, Бунгоҳи саломатии деҳаи Марғеб, Бунгоҳи саломатии деҳаи Хайробод, Бунгоҳи саломатии Вота-Ёвон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз нав сохта ба истифода дода шуд. Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои руҳӣ оғоз гардид, ки дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ як адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба Беморхонаи деҳоти Урметан дода шуд.
Тавре Р. Мустафоев иброз дошт, дар БМН Айнӣ беморон бо усули Кванто-терапия табобат мегиранд.
Аз ҳисоботҳои оморӣ бармеояд, ки дар беморхонаҳои ноҳия аҳолӣ асосан ба табибон бо бемориҳои фишорбаландӣ, ишемияи дил, шамолхӯрии шушҳо, гурда, дарунравӣ илтиҳоби меъдаю рӯда ва занона муроҷиат мекунанд.
Дар соли 2018 барои соҳаи тандурустии ноҳия 10 миллиону 261 ҳазору 709 сомонӣ ҷудо гардида, бинои шуъбаи таваллудхонаи марказӣ бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ таъмир карда шудааст.
Ҳоло сохтмони беморхонаи замонавӣ дар деҳаи Урметан ба маблағи 4 млн сомонӣ идома дорад. Дар ин муддат дар деҳоти Хайробод , Кум, Вота-Ёвон, Марғзор, Марғеб , Таги Чинор, водии Яғноб, Пишанза, Сангистон, мавзеи Шахи Сафеди деҳаи Шаватки Поён , Ғабируд, Хушекат шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шудаанд.
Мақсади асосии кормандони тиб давра ба давра, мунтазам паст кардани сатҳи бемориҳои диспанерӣ , фавти модару кӯдак, ташхиси сифатноку саривақтии беморон, кам кардани мушкилоти вобаста ба бемориҳои сироятӣ ва аз байн бурдан, ё коҳиш додани баъзе инфексияҳое мебошад, ки бо ваксина идора мешаванд.
Бо дастгирии 42 нафар пизишконе, ки худ аслан аз деҳои Дарғи ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ҳастанду дар шаҳри Душанбе фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мувофиқа бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Н. Олимзода, раиси ноҳия муҳтарам Муродзода М., сартабиби БМН муҳтарам Мустафоев Р. барои рушди деҳа, рушди муассисаҳои тандурустии деҳот, солимгардонии аҳолии куҳистони деҳот ташаббус нишон дода, ҳимматбаландона корвони саломатии “Мо бо туем” бо духтурони тамоми соҳаҳо ташкил гардид. Дар ин рӯзҳо 702 нафарро муоина намуда, 56 нафар атфолро хатнасур карда, дар баробари ин, 130 нафарро аз СБД, 151 нафарро аз ташхиси лабораторӣ ва 163 нафар занонро аз муоинаи акушер – гинекологон гузарониданд.
Инчунин, аз ҷониби соҳикорони деҳаи мазкур, ки ҷои зисташон шаҳри Душанбе мебошад, 10 дона кат, 10 дона тумбочка, 10 курсии нишаст, 5 мизи хӯрокхӯрӣ, 20 адад матрас, 20 ҷуфт рӯйпӯш, 20 адад халта ба таври ройгон ба Беморхонаи минтақавии №5-и деҳоти Дарғ дастрас карда шуд.
Бо назардошти хизмати софдилонаи кормандони тиб дар ин давра 2 нафар сазовори медали “Шафқат”, 7 нафар “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гаштанд.
Дар ноҳия 81 нафар донишҷӯён дар ДДТТ таҳсил менамояд, ки аз онҳо 15 нафарашон тариқи квотаи Президентӣ хонда истодаанд. Бо вуҷуди ин, нарасидани мутахассисони руҳшинос, сироятшинос, озмоишгар, табиби кӯдакона, терапевт ва ғайра ба назар мерасад.
Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ҳуҷҷатҳои меъёрҳои ҳуқуқии тасдиқгардида мавҷуд буда, ҳамаи кормандон бо уҳдадориҳои вазифавии худ пурра шинос мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Айнӣ Сироҷиддин Бобозода, феълан ба 82605 ҳазор нафар аҳолии ноҳия дар маҷмуъ 57 адад муассисаҳои тиббӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Шумораи ташрифоти кӯмаки дармонгоҳӣ ба аҳолӣ дар 6 моҳи соли 2019-ум 179913 ададро ташкил медиҳад. Тавре Бобозода афзуд, дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз буҷети ноҳия барои муассисаҳои КАТС-и ноҳия 2220081 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки иҷроиши он 22199481 сомонӣ ва ё 99/9%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, нақшаи маблағҳои махсуси муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар ин давра аз рӯи хизматрасониҳои музднок бо қарори 600-ум 83,1 фоиз иҷро шудааст.
Иҷроиши қарорҳои Раиси ноҳия таҳти №25 аз 24.01.2019 “Дар бораи таъмин намудани кӯдакони то 3-сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо”, таҳти №40 аз 29.01.2019 “Дар бораи таъмин намудани иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ”, инчунин таҳти №42 аз 31.01.2019 “Дар бораи расонидани кӯмаки интенаталӣ барои занҳои ҳомила” мувофиқи нақшаи пешбинишуда мутаносибан 100 ва 84%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Айнӣ шумораи кормандони КАТС дар соли 2019-ум 408 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла, мутахассисони маълумоти олидошта 57 нафар ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 273 нафар мебошанд. Таъминот ба 10 ҳазор аҳолӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ 11,9 ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 56,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дараҷанокии мутахассисони дорои маълумоти олӣ 32,2% ва кормандони миёнаи тиб 56,5%-ро ташкил медиҳад.
Ба муассисаҳои КАТС-и ноҳия тайи 6 моҳ муроҷиати шаҳрвандон тариқи хаттӣ 60 ва даҳонӣ 4 нафар ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи арзҳои шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони муҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳо ташкил карда шуда, зимнан ба мақомоти дахлдор ва ба муроҷиаткунандагон аз натиҷаи баррасии муроҷиат мактуби ҷавобӣ ирсол гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ гӯшаҳои гиёҳдармонӣ низ ташкил карда шудаанд.
Дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар 6 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 22 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар табобати ДОТС қарор доранд. Дар баробари ин, то имрӯз таҳти назорати маркази зиддисилии ноҳия 148 нафар беморон қарор доранд, ки 2 нафарашон хурӯҷи такрорӣ мебошанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар соли 2018-ум 480 қуттӣ доруворӣ барои беморони сил дастрас карда шуда буд, ки то имрӯз 175 қуттӣ истифода бурда шуда, 305 қуттӣ боқӣ мондааст. Дар соли 2019 аз тарафи ягон ташкилот доруворӣ ворид нагардидааст.
Кормандони КАТС дар давоми 6 моҳи соли 2019-ум 12 маротиба ба маҳалҳо баромада, аз аҳволи беморон дидан намуда ва ба онҳо маслиҳатҳои муфид додаанд.
Ҳамчунин, Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Айнӣ дар 6 моҳи соли 2019 оид ба мониторинг ва назорат аз фаъолияти кори муассисаҳои тиббии ноҳия оид ба иммунизатсиякунонӣ, ҳолати кории онҳо, тарзи нигаҳдории ваксинаҳо дар занҷири хунукӣ, техникаи иммунизатсиякунонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, риоя намудани фосилаи байни иммунизатсияро дида баромад. Дар рафти санҷишҳои мониторинги ҳармоҳа маълум гашт, ки ҳуҷҷатгузорӣ беҳтар гашта, саводу малакаи кормандон назар ба солҳои пешин хело беҳтар гаштааст. Хусусан дар марказҳои саломатии деҳоти Айнӣ, Зосун, Рарз, Урметан, Дар – Дар, Похут, Мадм, Зеробод, Зарафшон 1, Такфон, Вешканд, Шурмашк ва дар бунгоҳҳои саломатии деҳоти Искодар, Сангистон, Шаватки Поён, Ғабируд ва Дашти Ҳаштсар иммунизатсиякунонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва нигоҳдории ваксинаҳо қаноатбахш мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Маркази иммунопрофилактикаи ноҳия бо қарори Раиси ноҳия аз 11.03.2019 таҳти №97 аз тобеияти КАТС бароварда, мустақил эълон карда шуд, ки барои пешрафти ин соҳа як иқдоми саривақтӣ мебошад. Ҳамчунин, ба маркази мазкур имсол 1 адад автомашинаи ВАЗ 21214 (соли бароришаш 2010) дода шуд, ки барои беҳбудии кори соҳаи иммунопрофилактика дар ноҳия мусоидат мекунад.
Дар ин муддат дар ноҳия аз тарафи мутахассисон оид ба ташвиқоту тарғиботи тарзи ҳаёти солим 825 лексия ва 600 суҳбат-машварат гузаронида шуда, варақаҳо, буклет, расмҳо ва плакатҳо тақсим гардид.
Ҳамзамон, бо аҳолӣ вохӯриву суҳбат-машваратҳо ташкил шуда, оид ба тозагии ҷӯйборҳо, кӯчаву маҳалҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус пешгирии зукоми паранда ва ботулизм, ВНМО, сил, зарпарвин, истифодаи ғизои солим ва дигар масъалаҳо баромадҳо ташкил карда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки аз санаи 1 то 7-уми марти соли 2019 оид ба истифодаи ғизои солим дар оилаи солим дар деҳаҳои Ревад, Вешканд, Мадм, Искодар, Дар-Дар, Зарафшон, Дижик, Рарз, Похут… суҳбат – машваратҳо гузаронида шуда, аз тарафи кормандони МТТҲС дар байни аҳолӣ оид ба зарари тамокукашӣ, роҳҳои сироятёбии ВНМО, гепатити В, С корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расиданд. Дар ин росто дар ҳудуди 4 ҷамоати ноҳияи Айнӣ кумитаи тандурустии маҳаллӣ ташкил карда шуда, дар он 6-нафарӣ аъзо ба таври ихтиёрӣ чун волонтёр фаъолият мебаранд. Комиссияи мазкур оид ба пешгирии бемории сироятии сил суҳбатҳо гузаронида, ҳисоботҳои аз суҳбатҳо ҳосилшуда ба МТТҲС-и ноҳияи Айнӣ фиристонида мешавад. Дар баробари ин, ҳамчунин, мувофиқи нақшаи тартибдодашуда ҳамарӯза оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.
Дар маҷмуъ, маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ҷиҳати амалисозии нақшаҳои созандагӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҷомеаи солим, иҷрои бемайлони қонуну қарорҳои ҶТ дар бораи тандурустӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳо ва супоришу талаботҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд, як қатор корҳоро ба сомон расонида, он имрӯзҳо низ идома дорад.
Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ фаъолияти худро тибқи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда ба роҳ монда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд, пешгирӣ намудани ҳама гуна бемориҳо корҳои ташвиқотию тарғиботиро вусъат бахшида истодаанд.
Ба гуфтаи масъулин, мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ минбаъд низ ҳамаи дониш ва маҳорати худро сафарбар мекунанд, зеро ҷомеи солим фардои давлати солим мебошад.
МТЖТ