Имрӯзҳо Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода мавқеи намоёнро дар ҷумҳурӣ касб кардааст ва директори ин муассиса низ дар талоши он аст, ки сатҳу сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар гардад то коллеҷ тавонад зинаҳои аз ин болотарро дар ҷумҳурӣ соҳиб гардад. Ҳамзамон, директори коллеҷ Исматов Сулаймон Султонович аз ин фурсати муносиб истифода карда, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфт ва таманно кард, ки забон ва давлати тоҷикон то абад поянда бод!

Бояд тазаккур диҳем, ки хабарнигори МТЖТ бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» бо директори он Исматов Сулаймон Султонович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи муассиса фаъолият менамояд ва айни замон дар асоси замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолият дар коллеҷ ихтисосҳои зерин амал мекунанд: «Кори ҳамширагӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори ҳамширагӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори тиббӣ-ташхисӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори тиббӣ-профилактикӣ»-  баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори момодоягӣ»-  баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори фарматсевтӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори фарматсевтӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори дандонсозӣ»- баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Натиҷагирӣ

Ҳамзамон, директори коллеҷ иттило дод, ки қобили қайд аст, ки айни ҳол аз рӯи ихтисосҳои номбурда 2636 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ имтиҳонҳои баҳорӣ оғоз гардида то моҳи июн идома ёфтанд. Натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои ҷории нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 бо дарназардошти ҳамаи факултаҳо чунин аст:

Азхудкукнӣ 99,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати нимсолаи якум ба андозаи 0,2% афзудааст;

Сифати азхудкунӣ бошад 23,6%-ро ташкил медиҳад, ки он нисбати нимсолаи якум ба андозаи 0,4% афзудааст;

Давомоти донишҷӯён 99,5%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати нимсолаи якум 0,1 % афзудааст.

Имтиҳонҳои давлатии хатми донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум аз санаи 16-уми июни соли ҷорӣ оғоз гардида, санаи 26-уми июн ҷамъбаст гардиданд. Дар имтиҳонҳои хатм аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони комиссияи аттестатсионӣ сафарбар гардиданд. Раисони комиссия раванди шаффофияти имтиҳонҳоро пурра таъмин намуданд. Ба аттестатсияи давлатии хатм ҳамагӣ 572 нафар донишҷӯ роҳ дода шуд. Аз инҳо 6 нафар бо сабабҳои гуногун дар имтиҳон роҳ наёфтанд. Теъдоди умумии хатмкардагон дар соли таҳсили ҷорӣ 566 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳашт нафар донишҷӯён бо дипломи аъло хатм намуданд.

Қабули довталабон

-Дар муассиса кори комиссисяи қабули довталабон дар асоси рӯйхати аз ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсолгардида ва тибқи Нақшаи комиссияи қабули довталабон барои соли таҳсили 2023-2024 аз моҳи июл оғоз гардида, то санаи 3-юми сентябр идома ёфт. Дар ҳолати имрӯза ба муассиса 725 нафар довталабон ҳуҷҷат супорида, ба таҳсил ба курси якум фаро гирифта шуданд. Нақшаи қабули довталабон тибқи замимаи Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти муассиса ва дар асоси маълумотҳои ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 99,9 % иҷро гардидааст,-афзуд мавсуф.

Базаи кадрӣ

Дар рафти суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар таълимгоҳ имрӯз 131 нафар кормандон, ки аз инҳо 126 нафарашон омӯзгорони асосӣ мебошанд, фаъолият менамоянд. Омӯзгорони ҳамкор 67 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандон (омӯзгорон, кормандони асосӣ ва омӯзгорони ҳамкор) 88 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ, 92 нафар соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ, 18 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Вобаста ба ин 1 нафар дорандаи “Медали хизмати шоиста”, 24 нафар дорандаи унвони соҳавии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 10 нафар дорандаи унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи унвони “Аълочии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар номзади илмҳои тиб ва чор нафар унвонҷӯ мебошанд. Кормандони хурди техникӣ 19 нафарро ташкил медиҳанд. Доир ба кор қабул намудани кадрҳои ҷавони баландихтисос, бояд қайд намоем, ки санаҳои 27-28-уми июли соли 2023, тибқи Низомномаи “Тартиби ба кор қабул намудани кормандон ба муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ” озмун гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи озмун 17 нафар омӯзгорон аз рӯи ихтисосҳои мухталиф ба кор қабул карда шуданд.

Санаи 25.05.2023 тибқи Нақшаи дурнамо аттестатсияи омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он  омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, дараҷаҳои олӣ (18 нафар) якум (9 нафар) ва дуюм (21 нафар) дода шуд.

Пояи адабиёти таълимӣ ва иштирок дар озмунҳо

Мавсуф инчунин, изҳор дошт, ки китобхона дорои толори хониш бо 30 ҷойи нишаст мебошад. Ҳуҷҷатдорӣ ва корбарӣ дар китобхона тибқи талабот ба роҳ гузошта шуда, рафти аъзошавии донишҷӯён ва омӯзгорон аз оғози соли нави таҳсил ба роҳ монда шуда, таҳти назорати роҳбарият қарор дорад. Дар соли 2023 – 2024 шумораи аъзоёни китобхона аз ҳисоби донишҷуён ба 1911 нафар ва аз ҳисоби омӯзгорон ба 122 нафар расид. Фонди китобхона имрӯз 19552 адад китобро ташкил медиҳад, ки аз он 10925 адад китобҳои электронӣ мебошад. Аз 8627 адад теъдоди боқимонда 5953 адад китобҳои таълимӣ тахассусӣ, 95 адад китобҳои Президент, 2197 адад адабиётҳои бадеӣ, 127 адад дастури методӣ ва 255 адад китобҳои таълимӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии    Тоҷикистон аз 13.09.2022, таҳти №1337 ва дар асоси фармоиши директори муассиса моҳи декабри соли 2022 ва моҳи январи соли 2023 дар муассиса озмун оид ба «Омӯзиш ва азхуд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ» байни омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид. Иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи директори муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дар амал татбиқ намудани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи фарҳангу санъат, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва маърифатӣ, маҳфилҳои эҷодӣ, озмунҳои ҳозирҷавобӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки васеи ҷавонон дар муассиса маҳфили «Эҷодкорони ҷавон» роҳандозӣ карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07-уми июли соли 2022, №АП227 ва Фармоиши директори муассиса таҳти №180 аз 20-уми октябри соли 2022 «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дар муассиса даври аввали озмуни мазкур санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ ташкил ва баргузор гардид. Омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуда, қисмати онҳо ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» шаш нафар иштирок намуда, 4 нафар дар даври озмуни минтақавӣ роҳ ёфтанд. Дар даври минтақавӣ, ки дар шаҳри Ҳисор санаи 12.09.2023 баргузор гардид, 4 нафар фаъолона иштирок намуданд. Ба даври ҷумҳуриявӣ як нафар роҳ ёфт.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023, таҳти №АП – 330 ва амри раиси шаҳри Турсунзода аз 22-юми феврали соли 2023, таҳти №53 дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нақша-чорабинӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар  муассиса санаи 18-уми марти соли 2023 даври аввали озмуни мазкур баргузор гардид. Натиҷаи ҷамъбасти озмун чунин аст: аз 140 нафар иштирокчиён 4 нафар ба даври дуюми озмуни шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Дар даври шаҳрии озмун се нафар ба даври минтақавӣ роҳ ёфта, фаъолона ширкат варзиданд. Натиҷаи озмуни минтақавии мазкур муайян карда шуд, ки ба даври ҷумҳуриявӣ як нафар донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси кори момодоягӣ Амирзода Манзура роҳ ёфтааст.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» донишҷӯёни муассиса дар даври шаҳрӣ 17 нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ду нафар донишҷӯ иштирок намуда, ба даври минтақавӣ роҳ ёфтанд. Донишҷуён дар даври минтақавӣ фаъолона ширкат варзида, як нафар донишҷӯ Худойбердиева Рухсора ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. Дар даври ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзид, ки натиҷаи ҷамъбасти он рӯзҳои наздик муайян мегардад.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ва низомномаи бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода санаи 25-уми феврали соли 2023 таҳти унвони «Ҳамадон» байни донишҷӯёни фаъол ва гирандагони стипендияи Президентии кишвар ва раиси шаҳри Турсунзодаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ва МҒТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» озмун баргузор гардид. Донишҷӯёни муассиса дар озмуни мазкур фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.

Тибқи супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода санаи 6-уми марти соли ҷорӣ озмуни шаҳрӣ байни 4 коллеҷи шаҳри Турсунзода бахшида ба истиқболи “Рӯзи модар” дар Кохи “Дӯсти”-и шаҳри Турсунзода ташкил ва баргузор гардид. Донишҷӯёни муассиса дар озмун фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд ва бо ифтихорномаи раиси шаҳри Турсунзода ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иштирок дар олимпиада, семинар ва ҳамоишҳои илми фарҳангӣ

Номбурда қайд кард, ки мутобиқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-12-уми майи соли 2023 донишҷӯёни муассиса дар олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои тахассусӣ, ки дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва олимпиадаҳои фанҳои дақиқ, табии ва риёзӣ, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои тахассусӣ-тиббӣ як нафар донишҷӯи факулта “кори фармасевтӣ”, ихтисоси кори дандонсозӣ Шарифаи Шералӣ ҷойи сеюмро аз фанни “кори дандонсозӣ” ишғол намуд. Ҳамзамон, дар олипиадаи ҷумҳуриявии фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, ки дар Коллеҷи тибии ғайридавлатии шаҳри Бохтар баргузор гардида буд, донишҷӯёни муассиса Саидова Карашма ва Амирзода Маҳина фаъолона ширкат варзида, ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд.

Санаи якум ва дуюми феврал дар Китобхонаи марказии шаҳр семинари омӯзишӣ дар мавзӯӣ «Беҳтар намудани саломатии репродуктивии занони имконияташон маҳдуд, ба роҳ мондани муоширати табибони оянда ҳангоми хизматрасонӣ ба занони имконияташон маҳдуд ва дигар масъалаҳои тиббӣ, ки ба занони дорои маъюбият дахолат доранд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, равонӣ ва ташхисӣ тиббӣ», ки аз тарафи роҳбарияти Иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» ташкил карда шуда буд, бо даъвати ин иттиҳодия, омӯзгорони кафедраи «Момоӣ ва педиатрия» дар он ширкат варзиданд.

Санаи 17 –уми марти соли ҷорӣ дар асоси супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Низомномаи тасдиқгардида бахшида ба ҷашни “Наврӯзи аҷам” байни се факултаи муассиса озмун таҳти унвони “Наврӯзи оламафрӯз” гузаронида шуд. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби маъмурият сарфароз гардонида шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон, донишҷӯён, омӯзгорону кормандон санаи 15-уми марти соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯён ва 6 нафар омӯзгорон барои тамошои Муассисаи давлатии “Осорхонаи  миллӣ” ба шаҳри Душанбе ва санаҳои 28, 29, 30-юми марти соли ҷорӣ ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи шаҳри Турсунзода” ҳамагӣ 286 нафар донишҷӯён ва 25 нафар омӯзгорон сафарбар карда шуданд.

Дар кафедраҳои муассиса як қатор корҳои таълимӣ-илмӣ ва тарбиявӣ ба анҷом расонида шудааст.

Санаи якуми сентябри соли равон “Рӯзи Дониш” ҳамчун рӯзи оғози соли нави таҳсил дар муассиса бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода чорабинии идона ҷашн гирифта шуд. Инчунин, санаи 8-уми сентябр дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва бахши кор бо ҷавонони шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур як нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ-тиббӣ Аллаёров Қ. бо унвони аълочии Вазорати тандурустӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, омӯзгорон, волидайни он донишҷӯёне, ки дар озмунҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд ва сазовори ҷойҳои намоён гардиданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои роҳбарияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд.

Пояи моддию техникӣ

-Теъдоди синфхонаҳо 100, синфхонаи лингафонӣ 1, теъдоди мизҳо 1021, теъдоди курсиҳо 2361, теъдоди компютерҳо 126, принтер 32, проектор (комплект)         2, миқдори умумии китобҳо 11928, ҷои нишасти қироатхонаи китобхона         30, ҷойи нишаст дар Маркази бақайдгирии тестӣ  46, ҷевон 110, кабинети методӣ 1, маҷлисгоҳ 2, озмоишгоҳи кори ҳамширагӣ 4, хатти алоқаи «Интернет» 3 нуқта, камераи назоратӣ ва база (комплект) 37;  (база-4 адад), доскаи электронӣ 3, гармидеҳ (радиатор) 80, кондитсионер 11, Телевизор 6,-изҳор дошт номбурда.

Дар фарҷоми суҳбат директори коллеҷ қайд кард, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ва тафаккури донишҷӯён дар таълимгоҳ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамасола таълимгоҳ базаҳои моддӣ-техникии худро ғанитар мегардонад. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар асоси мактуби роҳбарияти муассиса аз ҷониби Кумитаи амволи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 адад компютерҳои истифодашудаи дар ҳолати хуби коршоямӣ қарордошта тӯҳфа гардид. Ва ин беҳтаргардонӣ албатта, идома хоҳад ёфт. Чи тавре, ки ҳамагон медонем, илму маориф ҷомеаи солимро ба вуҷуд меоранд, пас мо мекӯшем, ки ба наврасону ҷавонон бештар илму маърифатро омӯзиш диҳем то фардои кишвару ҷомеаи моро ободу солим нигаҳ доранд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь