Дар баромадҳои хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои охир бамаротиб рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароит дар беморхона барои табобату муолиҷаи беморон аз ҳама имкониятҳо истифода карда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, бо дилу нияти соф ба корафтодагон содиқона хизмат мекунанд. Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон хабарнигори МТЖТ бо сардухтури он Муҳаммади Самиев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо дастгирии Ҳукумати кишвар теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар бо таҷҳизҳотҳои муосири тиббӣ таъмин гардида, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гаштааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Раёсати тардурустӣ таъмиру бозсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки ин омил боиси хуб шудани шароити кор барои табибон ва баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия гардидааст.
Гуфта шуд, ки имрӯз Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дорои 13 шуъба ва 381 кат бо ҳама шароит фароҳам буда, фаъолияти пурсамар дорад. Ҳамчунин, дар тобеияти Беморхонаи марказӣ 4 Беморхонаи рақамӣ ва Беморхонаи бемориҳои сил ва таваллудхонаи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо шароити хуби тиббӣ фаъолият доранд, ки ин дорои 145 кат буда, дар умум дар ноҳия 526 кат мавҷуд аст, ки шабонарӯз дар хизмати аҳолии ноҳия ҳастанд.
Дар 9 моҳи соли равон дар Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои деҳот 4 ҳазору 323 нафар беморон бистарӣ карда шуданд, ки аз онҳо 1299 нафар кӯдакони то 18-сола мебошанд. Беморон аз ҷониби табибони ботаҷриба ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуда, саривақт табобат ёфта рухсат шудаанд. Ҳамчунин, ба 610 нафар беморон хизматрасонии ройгони тиббӣ расонида шудаааст.
Таъминот бо кадр дар мадди аввал
Сардухтури беморхона илова кард, ки барои ҷалби табибон ба Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пайваста тадбирҳо амалӣ гашта, онҳо дар ҳар иду айём қадрдонӣ мешаванд. Айни замон дар Беморхона 64 нафар духтурон, 476 нафар ҳамшираҳои шавқат, 217 нафар фаррошон ва 141 нафар дигар кормандон мебошанд, ки аз онҳо 90 нафарашон маълумоти олӣ, 102 нафар маълумоти якум ва 898 нафари дигар бо маълумоти дуюм фаъолият доранд.
Қайд гардид, ки кормандони соҳаи тибби Беморхонаи марказӣ ҳама донишу малакаи худро баҳри солимии ҷомеа равона карда, барои муолиҷаву табобати беморон аз ҳама имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
Барномаи кафолати давлатӣ 132 дарсад иҷро шуд
Номбурда афзуд, ки нақшаи 9-моҳаи соли 2023-и Барномаи Кафолати давлатӣ 524999 буда, иҷроиши он 692944-ро ташкил медиҳад, ки ин 132 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон барои пардохти музди меҳнати кормандон 6491130,18 сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Кормандони беморхона саривақт бо музди маош таъмин гардида, аз дастгириҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳавасманд гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ ва боло бурдани музди меҳнати онҳо қаноатманд мебошанд.
Омодагии табибон ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар
Муҳаммади Самиев, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои деҳот таъмиру таҷдид гашта, бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардида истоданд, ки ин аз рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, кормандони беморхона барои ободу зебо гаштани атрофи он ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида, гулҳои рангоранг, ки саҳни биноро зебу зинад медиҳанд, шинонида, дар ҳама корҳои ҷамъиятии ноҳия саҳм гузошта истоданд ва азм доранд, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Солимии ҷомеа бойигарии давлат аст
Мавсуф иброз дошт, ки ҳамаи арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла, беморон дар мӯҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони мӯҳтоҷ муолиҷаи ройгони тиббӣ дар беморхона, таъмин бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шуд.
Маъмурияти Беморхонаи марказӣ ва табибони ботаҷрибаи ноҳияи Панҷ дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ дар ноҳия пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сокинони ноҳияро бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум фаъолият намоянд. Зеро дар доираи ҷашни 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар беморхона пурра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, мақомоти маҳаллӣ таъмиру бозсозӣ гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ,
“ФАРАЖ”