Дар ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон – Кӯшониён соҳаи тандурустӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  Раёсати тандурустии вилоят  ба маротиб рушд карда, ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардидаанд, ки ин пешравиҳо  кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро рӯҳбаланд карда, онҳо шабонарӯзӣ ба аҳолии ноҳияи Кӯшониён  ва ноҳияҳои атроф хизмати босифати тиббӣ расонида истодаанд.  Бо мақсади ошноӣ бо дастовардҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯшониён хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардухтури ин беморхона Зубайдулло Толибов  суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ӯ қайд кард, ки “Роҳбари давлат дар як баромадашон гуфта буданд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад. Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд. Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед. Ин алломаи замон дар вазнинтарин рӯзҳои сахти мардум аз байни одамон ҷудо нагардид, тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон сарф намуд ва умедаш ҳамеша тандурустии инсон буд. Умедворам, ки шумо низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро сафарбар месозед”.

Номбурда илова кард, ки аз роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯшониён дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоятро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  сокинони ноҳияро бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гиранд, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум ҳама донишу малакаи касбии худро сарф карда, бо дасту дилу нияти пок ба беморону корафтодагон хизмат кунанд.

Мароми мо хизмати содиқона ба халқу ватан аст.

Зубайдулло Толибов афзуд, ки дар сохторҳои  госпиталии ноҳияи Кӯшониён 10 моҳи   соли 2023 ҷамъбаст шуда, вазифаҳои минбаъдаи он муайян гардид. Ин дар даврае гузашта истодааст, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳматҳои пайгиронаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустии ноҳия дар муқоиса бо солҳои қабли хубтар шуд. Маҳз дар соли ҷорӣ таъминот ва таҷҳизотҳои тиббӣ, маводҳои доруворӣ ва сохтмону иншоотҳои тиббӣ ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ назаррас мебошанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардидааст. Мебояд қайд кард, ки муассисаҳои госпиталии  ноҳия ва сохторҳои он соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси ноҳияи Кӯшониен, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории заминаҳои моддию техникӣ, иншоотҳои тандурустӣ, дастрасӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар деҳаҳои дурдаст истифода аз хизматрасонии сифатноки тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави ноҳия пайваста тадбирҳои судманд ба анҷом расонида истодаанд.

Солимии ҷомеа бойигарии давлат аст.

Гуфта шуд, ки дар қаламрави ноҳия 262374 нафар аҳолӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 64377 нафар занҳои қобили таваллуд, 6500 кӯдакони то 1-сола, 19739 кӯдакони то 3-сола, 33657 нафар кӯдакони то 5-сола, 93633 нафар кӯдакони то 14-сола, 108006 нафар кӯдакони то 18-сола, 246057  нафар шаҳрвандони то синни 60-сола мебошанд.

Қайд гардид, ки дар ноҳияи Кӯшониён як Беморхонаи марказӣ, 2 адад беморхонаи рақамӣ, 4 адад беморхонаи минтақавӣ  фаъолият доранд, ки онҳо ба қадри зарурӣ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда,  кормандонашон  шабонарӯзӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Беморхонаи марказӣ дорои 11 шуъба, аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ, таваллуд, занона, кӯдакона, амрози даруна, қалб, сироятӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, қабулгоҳ, лабаратория мебошад.

Таъминоти кадрӣ дар мадди аввал

Номбурда илова кард, ки бо мақсади таъмини иҷрои самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020, №702 “Дар бораи барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраҳои то соли 2030” қарор қабул карда шудааст. Дар маҷмӯъ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 1618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин қабил 170 нафар табибон, 878 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, 320 нафар ҳамшираи хурди тиб, 250 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Дараҷанокии касбии кормандони  соҳаи тандурустии ноҳияи Кушониён чунин аст. Табибон: 36 нафар дараҷаи Олӣ, 17 нафар дараҷаи 1-ум, 11 нафар дараҷаи 2-юм. Ҳамширагон: 265 нафар дараҷаи Олӣ, 53 нафар дараҷаи 1-ум, 77 нафар дараҷаи 2-юм.

Дар сохторҳои госпиталии ноҳияи Кушониён бошад 782 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд, ки табибон ҳамагӣ 66 нафар буда, 377 нафарро ҳамшираҳо ва 339 нафарро кормандони хурди тиб ташкил медиҳанд.

Дараҷанокии касбии кормандон дар беморхонаи марказии ноҳия чунин аст. Табибон: 16 нафар дараҷаи Олӣ, 6 нафар дараҷаи 1-ум, 1 нафар дараҷаи 2-юм. Ҳамшираҳои тиббӣ: 98 нафар дараҷаи Олӣ, 28 нафар дараҷаи 1-ум, 44 нафар дараҷаи 2-юм.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

Зикр шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 445 кат барои бистарикунии беморон омода мебошад ва дар давраи ҳисоботӣ дар катҳои мавҷудбуда 6759 нафар беморон бистарӣ шуда, дар натиҷаи табобати пурра гирифтан 6658 нафар рухсат шудаанд. Дар шуъбаҳои   таваллуд дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 2924 нафар таваллуд кардаанд. Дар беморхона давоми 10 моҳи соли равон ба 478 бемор ҷарроҳӣ гузаронида шуд, аз ҷумла дар шуъбаи ҷарроҳӣ 244 нафар, гӯшу гулӯ ва бинӣ 177 нафар, дар шуъбаи занона 7 нафар,  амалиёти буриши кайсарӣ 50 нафар, ки аз инҳо 205 нафар фаврӣ, 273 нафар  нақшавӣ ва ҳамагӣ 109 нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ ва 42 нафар бо усули спиналӣ, 75 нафар дохиливаридӣ, 11 нафар  эндотрахеалӣ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуданд.

Моҳи октябр ва 10 моҳи соли 2023 ҳуҷраи рентгенӣ 286 нафарро рентген кардааст, ки 70 нафар то синни 18-сола буда, 216 нафар калонсолон мебошанд ва 29 нафарашон ройгон ташхис шуданд.

Дастгириҳо

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён Зубайдулло Толибов гуфт, ки бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Тандурустии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба беморхона таҷҳизотҳои тиббӣ дастрас намуданд, ки боиси баланд бардоштани сифати ташхис ва табобати беморон гардид. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён шарикони рушд ҷалб карда шуданд ва ин аз як тараф ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ мутобиқ гаштани иморатҳои соҳаи тандурустиро нишон диҳад, аз тарафи дигар дар муассисаҳо аз фароҳам гардидани шароити мусоид шаҳодат медиҳад.

Ҷиҳозонидан бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба амал бароварда мешаванд. Дар баробари ворид намудани таҷҳизотҳои тиббӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмири капиталии шуъбаҳои беморхонаи рақамӣ, аз он ҷумла шуъбаи таваллуд, кӯдакона, амрози даруна ва шуъбаи сироятӣ, таъмири беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия, шуъбаи қабул, шуъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ, сохтмони ҳоҷатхона, сохтмони ҷомашуйхона, сохтмони 3 ҳуҷра барои шуъбаҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, таъмири ҳуҷраи акси рентгенӣ, таъмири толори беморхонаи марказӣ, рангубори қисмати қафои бинои асосӣ амалӣ гаштааст.

Омодагӣ ба зимистон

Роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур барои дар фасли зимистон гарм нигоҳ доштани ҳуҷраи беморон ва утоқҳои кории кормандон ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд. Барои зимистонгузаронӣ 5 тонна ангиштсанг, 10  куб  ҳезум, 2 адад таҷҳизоти барқдиҳии коршоям бо 100 литр солярка захира кардаанд.

Омодагии табибон ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар

Ӯ гуфт, ки  кормандони Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои деҳот барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар омода буда,  барои ободу зебо гаштани атрофи беморхонаҳо ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида, гулҳои рангоранг мешинонанд, ки саҳни биноро зебу зинад медиҳад. Ҳамчунин, дар тамоми корҳои ҷамъиятии ноҳия саҳм гузошта истодаанд ва азм доранд, ки ин санаи муҳими  таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Роҳбарияти Беморхонаи марказӣ ва тамоми кормандони соҳаи тибби ноҳия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  сокинони ноҳияро  бо хизмати босифат ва замонавии тиббӣ ҳамарӯза фаро гирифта, баҳри пешгирии бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии мардум  шабонарӯзӣ фаъолият намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь