Мутихассисони шӯъбаи нозироти савдои РСМС ва НС минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2024 дар асоси қонунҳои амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ фаъолият намуда, дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар ин давра мутахассисони шӯъба дар 88 нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ санҷишҳо гузарониданд. Инчунин, аз тарафи мақомотҳо 29 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба Раёсат ворид шудааст. Барои риоя накардани қойдаҳои савдо ба 111 соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 37368 сомонӣ муқаррар намуданд. Мутахассисони шӯъбаи нозироти савдо аз 121 нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, аз намунаҳои гирифташуда, дар 121 ҳолат маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар семоҳаи соли сипаришуда маҳсулотҳои хӯрокворӣ 280 кг, маҳсулотҳои гуштӣ 7 кг, орд-17кг, нӯшокии ғайримашруботӣ 406л, нӯшокии машруботӣ 65л, хуриш-90,5 кг, маҳсулотҳои ширӣ-23 кг, чой, қаҳва-13,5 кг, равғани растанӣ 107кг, шула (каша)-1 кг, аз муомилот гирифта шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани тартиби коркарди маҳсулотҳои ғайристандартӣ ва нобудсозии онҳо, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ мутобиқ нестанд дар Раёсат комиссия таъсис дода шудааст, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулотҳои пастсифат дар семоҳаи якуми соли 2024 дар рафти гузаронидани санҷишҳо ва рейдҳои муштарак маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта, ки миқдори умумиаш 1010 кг-ро ташкил медиҳад дар иштироки комиссия ва намояндагони васоити ахбори омма несту нобуд карда шуд.

– Аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи аграсаноатӣ бошад тибқи нақша дар ин давра барои риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, стандартҳои давлатӣ ва ҷори намудани онҳо фаъолияти 22 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон мавриди санҷиш қарор гирифта шуд. Барои риоя накардани қойдаҳои истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба 12 коргари сехҳои хурди истеҳсоли дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 4536 сомонӣ муқаррар намуданд.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони шӯъба дар 3 ҳолат намаки ғайримеъёрӣ ошкор шуда, ки миқдори умумии онҳо 40 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин ба ҶДММ “Анаси Бахтиёр” 15000кг., ҶСК «Хоҷа Мӯъмин» 5000кг .,ҶДММ “Намакдон”20000 кг., рост меояд. Бо дархости соҳибкорон дар 65 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла: ҶДММ «Ориён Рустам», ҶДММ «Саман», ҶДММ “Оби Кӯлоб”,ҶДММ “Ҳикмат”, ҶДММ “К-Даврон”, ҶСП «Комбинати шир» шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Солеҳҷон-М”-и ноҳияи Фархор, ҶДММ “Мурғи сайёд”,ҶДММ “Намакдон”, ҶДММ “Роҳнамо Рус”,ҶДММ “Иттифоқчиён”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶДММ “Анаси Бахтиёр”, ҶДММ “Сорбон -А” -и ноҳияи Восеъ, ҶДММ “Мурғи Мӯъминобод”, ҶДММ “Дуоб-Р”-и ноҳияи Мӯъминобод ва дигар коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар асоси дархости пешниҳоднамудаи соҳибмулкон корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд. – мегӯяд, роҳбари Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҷурахон Сайдализода.

Вобаста ба таҷлили рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки ҳамасола 15-март ҷашн гирифта мешавад, тибқи нақша-чорабинии Раёсат аз ҷониби мутахассисони вобасташуда дар бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб, оиди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” бо соҳибкорону кормандон ҷаласаҳо гузаронида шуд.

Аз тарафи бахши ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии кишоварзӣ низ дар семоҳаи якуми соли 2024 дар озмоишгоҳ 831 ташхис гузаронида шуд. Аз шумораи умумии ташхисҳо дар 220 намунаи санҷидашудаи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ғайристандартӣ дониста шуда, аз ҷумлаи онҳо маҳсулотҳои хӯрокворӣ 9 намуна 92 кг, равгани растанӣ 8 намуна 107 кг, маҳсулотҳои макаронӣ 8 намуна 12 кг, маҳсулотҳои қаннодӣ 113 намуна 294 кг, маҳсулотҳои ширӣ 23 намуна 23 кг, нӯшокии ғайримашруботӣ 31 намуна 378 л, чой қаҳва 13 намуна 14 кг, нӯшокиҳои машруботӣ 10 намуна 65л, орд 5 намуна 17 кг намаки ошӣ 3 намуна 40 тонна ҷамъ зиёда аз 41,002 кг-ро ташкил медиҳад. Натиҷаи 122 намуна ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда шуд.

Билоли Шамс,

шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь