Фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳри №14 баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ равона карда шудааст.
Аз тарафи кормандони МСШ №14 дар шуъбаҳои тибби оилавӣ, солимии репродуктивӣ, ҷаррохӣ, сохаи махдуд, озмоишӣ, стоматологӣ, табиатшифоӣ ба 10 589 аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хизмати содиқонаи тиббӣ-профилактикӣ расонида мешавад.
Барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандон дар соли гузашта 18 табиб ва 15 кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузаштанд.
Дастгирии иҷтимоии ниёзмандон
Дар 12 моҳи соли 2024 барои хариди маводҳои доруворӣ 366 000 сомонӣ маблағ харҷ гардида, ба ниёзмандон 9 аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.
Барномаи солимии репродуктивӣ
Дар МСШ №14 28 397 зани қобили таваллуд ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз роҳҳои барқароркунии солимии репродуктивии занон риоя намудани фосилаи байни таваллуд мебошад. Омӯзиш нишон дод, ки фосилаи байни таваллуди занон то 2 сол-90 (4,5%), аз 2 то 3 сол-914 (45,5%) мебошад. Шумораи занони бори аввал таваллудкунанда 440 нафар (17.9%)-ро ташкил кард.
Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи солимии модару кӯдак кормандони Марказ ташвиқот ва тарғиботро оид ба асосҳои демографӣ, ба нақша даровардани оила, баланд бардоштани нишондодҳои солимии репродуктивӣ дар муассиса мунтазам мегузаронанд.
Иммунизатсия
Муассиса, ки бо барномаи эмкунӣ сару кор дорад, мунтазам бо ваксинаҳои баландсифат, сӯзандоруҳо, қуттиҳои бехатар, ҳуҷҷатҳои ҳисобот (журналҳои қайди эмкунӣ, шаклҳои 2Б (ҳисобот оиди эмкунӣ), шаклҳои 63 таъмин мешавад.
Сатҳи фарогирии иммунизатсия бо вояи аввал бар зидди бемории фалаҷ дар соли гузашта 93%- ро ташкил дод, ки 24 852 кӯдак ваксинатсия шуданд. Вояи 2-юми иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 92,3% ташкил кард, ки 24 666 кӯдак ваксинатсия карда шуд. Вояи сеюми иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ 91,9%-ро ташкил кард, ки 24 537 кӯдак ваксинатсия шуд.
Хизматрасонии тиббӣ ба никоҳшавандаҳо
Дар 12 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 994 никоҳшаванда аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар марказҳои саломатии шаҳрӣ гузаштаанд, ки аз онҳо 508 ҷавонписар ва 486 духтар мебошанд. Хизматрасонии тиббию санитарӣ ба наврасон ва солимгардонии онҳо яке аз вазифахои фаъолияти Маркази саломатӣ мебошад.
Шумораи умумии наврасони дар Марказ ба қайд гирифташуда 3414 нафар буда, аз ин ҳисоб 1723 ҷавонписар мебошад. Дар 12 моҳи соли гузашта 3400 наврас аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.
Ташаккули ҳаёти солим
Ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар баланд бардоштани сатҳи дониши санитарии аҳолӣ нақши муҳимро мебозад. Шахси масъул, табиби пӯст Робияи Низомӣ буда, дар миёни аҳолӣ корҳои фахмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар 12 моҳи соли гузашта дар маҳалҳо 17 лексия, 17 541 сӯҳбат ва 24 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Ҷарроҳӣ
Дар марказ 1 табиби ҷарроҳ фаъолият мекунад. Давоми соли гузашта 5604 ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки илтиҳоби фасодгирифтаи пӯстӣ ва зери пӯстӣ-42, хатна -1767, варикотселе -3, коркарди аввалини ҷарроҳӣ -7, нодуруст сабзиши нохун -13, атерома-8, липома -8, аденотомия-8, ринопластика-3,тонзилоаденотомия-6, полипоэтмоидотомия-1 адад мебошанд.
Дар МД Маркази саломатии шаҳрии № 14 бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 02.06.2010 тахти № 327 ва фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тахти № 89 аз 09.06.2010 дар бораи «Таъсиси комиссияи ахлоку одоби муошират ва таъин намудани шахсони масъули муассисахои сохаи тандурустӣ оид ба муошират бо муроҷиаткунандагон» комиссия ташкил карда, шахси масъул таъин карда шудааст.
Аз ҷониби комиссияи ахлоқу одоби муошират дар Марказ бо табибон, хамшираҳои тиббӣ, кормандони хурди тиб, коргарони техникӣ дар бораи рафтор, одобу муошират, тарзи коргузорӣ, либоспӯшӣ, рафтор берун аз кор суҳбат гузаронида мешавад. Кодекс ва қасами тиббӣ дар бораи риояи махфии маълумоти аз мизоҷон гирифташуда риоя карда мешавад. Табибон бо беморон, бо сухани ширин бо чеҳраи хандон муошират карда, ба онҳо маслиҳатҳои хуби муолиҷавӣ медиҳанд. Беморро бо суханони хуб гусел карда, ба онҳо шифои комил таманно мекунанд.
Ободонию созандагӣ
Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтор дар самти ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар корҳои таъмиру беҳдоштӣ ва ороиширо бо дасту дили гарм ба сомон расонданд. Аз ҷумла, 2500 метри квадратӣ Маркази саломатии шаҳрии №14 таъмир ва рангубор шуда, дар ҳаҷми 1500 метри кубӣ корҳои беҳдоштии дохили муассиса амалӣ ва 40 м. ҷӯйҳои обгузар ба тартиб дароварда шуд. Равшаннамоии шабонаи саҳни ҳавлии муассиса бо 55 адад чароғак таъмин ва 110 ниҳоли ороишӣ шинонида дода шуд.
Навгониҳо дар Марказ
1.Аудиограмма;
2.ЭЭГ, Ултрасадои майнаи сар;
3.Ташхиси бактериологӣ;
- Эндоскопия;
5.УЗИ портативӣ;